Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми суннатҳои неки ниёгон, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи ҷашни Наврӯз ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифтани он, муаррифии фарҳанги бостонии тоҷикон, дар Дониншкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар, устодон ва донишҷӯён иштирок намуда, оид ба нақши бориз ва арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва муаррифии ҷашни Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ андешаҳои худро иброз доштанд.
Нишастро муовини директор оид ба корҳои таълим дотсент Мазбут Холиқзода ҳусни оғоз бахшида, кайд карданд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор буда, рамзи эҳёи табиат, оғози баҳор, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумон ба шумор меравад. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ин ҷашни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, бо қарори СММ соли 2010 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.
Дар рафти мизи мудаввар устодони Доиншкада аз кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ дотсент Хайринисо Темирова, дар мавзӯи “Масоили Наврӯз дар Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ” ва и.в. мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Муҳайё Ҳотамова дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар эҳёӣ Наврӯзи ҷаҳонӣ” бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуда, оид ба таърихи Наврӯз, суннату анъанаҳои наврӯзӣ ва саҳми арзандаи Пешвои миллат дар эҳё ва рушди арзишҳои фарҳангии миллат сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ мондагор аст.
Дар ҷараёни мизи мудаввар донишҷӯён оид ба таърих ва нақши Наврӯзи ҷаҳонӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаворо ироа намуданд.
Декани факултети сохтмон ва нақлиёт Зуҳрохон Умарова зикр намуд, ки баргузории чунин нишастҳои тарбиявиву фарҳангӣ барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги аҷдодӣ муҳим буда, роҳандозии он дар шароити ҷаҳонишавӣ хело муҳим аст.
Гуфта шуд, ки ҳастии миллат аз ҳастии фарҳанг вобаста буда, ояндаи давлату ҷомеаро муайян месозад. Ҳамин тариқ, мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва баҳсҳои ҷолиби Наврӯзи ҳусни анҷом ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки мизи мудаввар бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, факултети сотхмон ва нақлиёт дар ҳамбастагӣ бо кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО