• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    КОНФРОНС: “УСУЛИ КОММУНИКАТИВӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ АМАЛИСОЗИИ МУНОСИБАТИ САЛОҲИЯТНОКӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ МУОСИР”
КОНФРОНС: “УСУЛИ КОММУНИКАТИВӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ АМАЛИСОЗИИ МУНОСИБАТИ САЛОҲИЯТНОКӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ МУОСИР”

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,“Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” ва “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2030 барои давраи то соли 2030” конференсияи илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “УСУЛИ КОММУНИКАТИВӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ АМАЛИСОЗИИ МУНОСИБАТИ САЛОҲИЯТНОКӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ МУОСИР” баргузор шуд.
Фарҳод Маҳмудӣ, муовини директор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии донишкада конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар шароити муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва «зеҳни сунъӣ» дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ васеъ гардидааст. Мисолан, телефонҳои мобилӣ, шабакаи интернет ва нақлиёти барқӣ аз дастовардҳои муҳими илму техникаи муосир маҳсуб меёбанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «… дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои муҳими баровардани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба сатҳи байналмилалӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта мебошад.»
Дар ин замина, нақши забонҳои хориҷӣ дар омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун сол то сол афзоиш меёбад. Азхудкунии забонҳои хориҷӣ ба мутахассисон имконият фароҳам меорад, ки дар барномаҳо, лоиҳаҳо, грантҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо ва озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.
Дар солҳои охир як қатор хатмкунандагони ихтисосҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ (IT), сохтмон ва нақлиёт масъалаи фаъолияти меҳнатиро дар хориҷи кишвар ё дар корхонаҳои муштарак баррасӣ менамоянд. Дар ин самт донистани забонҳои хориҷӣ ҳамчун яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии касбӣ арзёбӣ мегардад, зеро он имконияти шуғл дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро фароҳам месозад.
Дар шароити муосири бозори меҳнат, мутахассисони ҷавон ҳангоми қабул ба кор аз марҳилаи мусоҳиба мегузаранд, ки дар он сатҳи дониш, малакаи муошират ва савияи касбии онҳо арзёбӣ карда мешавад. Дар ин робита, вазифаи омӯзгорони забонҳои хориҷӣ аз ташаккули малакаҳои нутқӣ, рушди қобилияти муоширати касбӣ ва таъмини истифодаи дурусти забони илмӣ иборат мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, донишҷӯён ҳамчунин бояд забони ихтисосии худро пурра аз худ намоянд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон дар самти забонҳои хориҷӣ, зарур аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои хориҷӣ, ташкили сафарҳои омӯзишӣ (экскурсияҳо) ба хориҷи кишвар, инчунин ҷалби омӯзгорони хориҷӣ барои гузаронидани дарсҳо ва лексияҳо бо забони касбӣ ба роҳ монда шавад. Қобили зикр аст, ки дар ин самт то андозае пешравиҳо ба даст омадаанд. Тарбияи кадрҳои баландихтисос, донишманд ва илмдӯст яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни кори конфронс Чинорой Давлятова, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони аглисии ДДҲБСТ дар мавзуъи “Хусусиятҳои истифодаи усули коммуникатсионӣ дар таълими забони англисӣ”, Ҳусейн Зайтметов, д.и.п., профессор, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳти унвони “Таъсири хотира ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, Зоир Солиев, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзуъи “Коммуникативная компетенция и её важнейшие компоненты” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Конфронс бо суолу ҷавоб ва мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 7

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 28.05.2026
КОНФРОНС: “УСУЛИ КОММУНИКАТИВӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ АМАЛИСОЗИИ МУНОСИБАТИ САЛОҲИЯТНОКӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ МУОСИР”
КОНФРОНС: “УСУЛИ КОММУНИКАТИВӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ АМАЛИСОЗИИ МУНОСИБАТИ САЛОҲИЯТНОКӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ МУОСИР”
  • 26.05.2026
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены