• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2025
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Кафедраи меъморӣ
Кафедраи меъморӣ

Мудири кафедра: номзади илмҳои санъатшиносӣ  Умарова Гулрухсор Абдусаломовна

Маълумот барои тамос бо кафедра:

Почтаи электронӣ: km@polytech.tj

Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ 226, бинои Д, кабинети 103 

Аз таърихи кафедра

Кафедраи меъморӣ соли 2009 таҳти роҳбарии профессор Ҳакимов Ҳ.Ҳ. назди факултети сохтмон ва нақлиёти Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикстон ба номи М.Осимӣ таъсис ёфта, то соли 2011 фаъолият бурд. Соли 2011 кафедра ба ҳайати кафедраи сохтмони факултети мазкур ҳамроҳ гардида, то соли  соли 2015 бо номи кафедраи сохтмон ва меъморӣ амал кард. Соли 2016 ҳайати устодони кафедра ба факултети муҳандисӣ-технологӣ ҳамроҳ гардида, ҳамчун кафедраи дизайн ва меъморӣ кору фаъолият бурданд. Аз соли 2020 то ин ҷониб кафедраи меъморӣ дар назди факултети сохтмон ва нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият бурда истодааст. Устодони кафедра дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 400 нафар меъморони болаёқату эҷодкор тарбия намуда, шогирдони онҳо дар тамоми соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият бурда истодаанд.

Фаъолияти асосии кафедра

Кафедраи меъморӣ яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, дар самти тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои 1-690101–Меъморӣ (зинаи бакалавр) ва 1-69010105– Таъмири ёдгориҳои меъморӣ (зинаи магистратура) кафедраи асосӣ мебошад.

Кафедра дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи меъморӣ фаъолият бурда истодааст. Устодони кафедра малаки калони таҷрибавӣ дошта, шогирдони худро ҳамасола барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, дохилидонишкадавӣ ва намоишгоҳҳо дар самти меъморӣ ва шаҳрсозӣ тайёр менамоянд ва ба ҷойҳои намунавӣ сазовор мегарданд. Устодон Юсупов Ф.Г. ва Зокиров Р.Ш. аъзои Иттифоқи меъморонӣ Тоҷикистон буда, Юсупов Ф.Ғ. барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи меъморӣ бо медали тиллои аз тарафи Иттифоқи меъморонӣ Тоҷикистон (соли 2018) сарфароз гардидаанд.

Кормандони кафедра

Ваҳобов Амиртимир Манонович - номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;

Мухамедов Ӯктам Султонович - номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;

Усмонов Шӯҳрат Заурович - номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;

Юсупов Фирӯз Ганиджанович - омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;

Зокиров Раҳимҷон Шарипович – омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;

Маҳкамов Тоҳир Раҳматҷонович - омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;

Саидова Светлана Анваровна - омӯзгори калони кафедраи меъморӣ;

Ваҳобов Исроилхӯҷа Самиевич – ассистенти кафедра;

Низомадинова Раҳатҷон Аминовна - ассистенти кафедра;

Шарипов Фирӯз Фурқатҷонович - ассистенти кафедра;

Рофиев Исфандиёр Бахтиёрович - ассистенти кафедра.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ ва созандагӣ

Самти асосии тадқиқоти илмӣ ва созандагии кафедра ба такмили лоиҳакашии бино ва иншооти шаҳрвандӣ бо назардошти хусусияти минтақаҳои шимолии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ҷумла, устодони кафедра ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи меъморӣ зиёда аз 200 биною иншооти соҳаи иҷтимоӣ лоиҳакашӣ намудаанд, таҷдид карданд ва сохтанд. Ба амсоли таваллудхонаи нави вилоятӣ барои 130 кат дар шаҳри Хуҷанд, маркази беморхонаи дил ва ҷарроҳии рагҳои хунгард ба номи А.Орифов барои 120 нафар одамон дар вилояти Суғд, корпуси бахши раделогии назди диспансери саратоншиносии вилояти Суғд, биноҳои истиқоматии дорои 5,9,12,18 ошёна барои 12, 18,45, 97 оила бо маркази савдо ва таваққуфгоҳ ва маркази савдо дар шаҳри Хуҷанд, маркази саратоншиносии вилоятӣ, корпуси муолиҷавӣ барои 50 нафар назди маркази вилоятии эндокринологӣ, хонаҳои истиқоматии шахсӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара, ду мактаби таҳсилоти миёна дар ҷамоати Ғозиён барои 240 нафар талаба, меҳмонхонаи дараҷаи олӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд.

Фаъолияти байналхалқии кафедра

Устодони кафедра дар лоиҳаи байналхалқӣ таҳти мавзуи “Арзёбии хатарҳои экологӣ ва кам кардани оқибатҳои онҳо ба ҷойҳои меросии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” (ERAMCA) иштирок мекунанд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ин дарки ниёзҳои маҳаллӣ, таҳия ва татбиқи барномаи магистрӣ ва китобхонаи рақамӣ бо маводҳои гуногуни таълимӣ, омӯзонидани омӯзгорон ва техникаҳои маҳаллӣ оид ба муносибатҳои байнисоҳавӣ мебошад.

Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат

·                        1_690101 Меъморӣ

Хатмкунандагони зинаи бакалавриати ихтисоси мазкур ба салоҳияти касбии зерин ноил мегарданд:
-  таҳияи консепсияи биноҳо, иншоот ва намои дохилии онҳо;
-  тавассути барномаҳои графикии муосир ва дастӣ тасвир кардани лоиҳаҳо, эскизҳо ва нақшаҳо; 
-  сохтани макет ва албомҳои графикӣ; 
-  ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои омодашуда бо мақомоти танзимкунанда;
-  гузаронидани ҳисобҳои техникии лоиҳаҳо; 
-  назорат кардани раванди сохтмон;
- муошират кардан бо фармоишгарон, пудратчиён ва таъминкунандагони масолеҳҳои сохтмонӣ.

Хатмкунандагони ихтисоси 1_690101-Меъморӣ ба ҳайси меъмор, дизайнер, сохтмончӣ, мутахассиси донишкадаҳои лоиҳавӣ-таҷрибавӣ,  мутахассиси ташкилоти лоиҳакашӣ ва сохтмон, меъмор дар корхонаҳои сохтмонӣ, меъмори лоиҳаҳои маҳаллаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, дизайнери мавзеъҳо, бино ва иншоот, таҷдидгари бино ва иншооти таърихӣ фаъолият бурда метавонанд.

Барномаҳои таҳсилоти магистратура

·                           69010105 – Таъмири ёдгориҳои меъморӣ

Хатмкардагони зинаи магистратураи ихтисоси мазкур ба барқарорсозии муҳити таърихии меъморӣ машғул мешаванд, аз ҷумла лоиҳаҳои биноҳо ва иншооти таърихиро барои мувофиқ шудани онҳо ба талаботи замонавӣ таҷдид мекунанд.  Онҳо аҳамияти биноҳои таърихиро дар мероси таърихию фарҳангии ҷомеа муайян менамоянд, натиҷаҳои корҳои барқароршавиро назорат ва баҳо медиҳанд.

Хатмкунандагони ихтисоси 1_69010105 – Таъмири ёдгориҳои меъморӣ фаъолияти касбии зерин бурда метавонанд:

-       илмӣ-таҳқиқотӣ;

-       илмӣ-муҳаққиқӣ;

-       истеҳсолӣ-технологӣ;

-       ташкилотчигӣ-идоракунӣ;

-       лоиҳакашӣ-тарҳрезӣ;

-       таълимӣ.

Кормандони кафедра:

Ваҳобов Амиртимир Манонович - номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ

Фанҳои дарсдиҳанда: конструк- сияҳои меъморӣ, лоиҳакашӣ дар шароити иқлими гарм ва зилзила, методикаи иҷрои рисолаи хатм, практикуми тахассусӣ, асосҳои истеҳсоли сохтмон, конструксияи биноҳои саноатӣ, конструксияи биноҳои гражданӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 40 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 5 адад мақолаи байналмиллалӣ, 25 адад мақолаи ҷумҳуриявӣ, 10 адад мақолаи дохилидонишкадавӣ дар соҳаи сохтмон  нашр шудааст. Аз тарафи устод 1 адад китоби дарсӣ дар соҳаи механикаи хокҳо  ва як луғати тахассусии соҳаи сохтмон аз нашр бароварда шудааст. Роҳбари зиёда аз 100 адад объектҳои сохтмонии соҳаи иҷтимоӣ.

Мухамедов Ӯктам Султонович - номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ

Фанҳои дарсдиҳанда: ташкил, идоракунӣ ва банақшагирӣ дар сохтмон, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 26 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 6 адад мақолаи байналмилалӣ, 10 адад мақолаи ҷумҳуриявӣ, 10 адад мақолаи дохилидонишкадавӣ, 1 адад мақола дар соҳаи сохтмон дар маҷаллаи КОА  нашр шудааст. Аз тарафи устод 3 китоби дарсӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ нашр гардидааст.

Усмонов Шӯҳрат Заурович - номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ

Фанҳои дарсдиҳанда: физикаи муҳит ва конструксияҳои иҳотакунанда, меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ, практикуми тахассусӣ.

 

Корҳои нашршудаи асосӣ: 75 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 14 адад мақолаи ба феҳристи КОА ФР ворид гардида, 18 адад мақола ва иштирок дар конференсияҳои байналмиллалӣ, 26 адад мақола ва иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, 17 адад мақола ва иштирок дар конференсияҳои дохили-донишкадавӣ дар соҳаи сохтмон нашр шудаанд. Аз тарафи устод 1 адад  китоби дарсӣ бо номи “Лоиҳакунии меъморию конструксиявии  биноҳои бисёрошёна, шарҳвандӣ, баландошёна беназир ва ташкили муҳити он” аз нашр бароварда шудааст.

Юсупов Фирӯз Ганиджанович - омӯзгори калони кафедраи меъморӣ

 

Фанҳои дарсдиҳанда: лоиҳакашии меъмории биноҳои бисёртаъинота, лоиҳакашӣ дар шароити иқлими гарм ва зилзила, лоиҳакашии иншооти варзишӣ, асосҳои лоиҳакашии меъморӣ, лоиҳакашии биноҳои хизматрасонӣ, лоиҳакашии иншооти варзишӣ, асосҳои ихтисоси меъморӣ, нақшакашии меъморию сохтмон, лоиҳакашии шаҳрсозӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ:

5 адад мақолаи нашршуда, аз ҷумла 1 мақола дар феҳристи маҷаллаҳои КОА ҶТ ва ФР мавҷуд буда, 2 мақола дар конференсияҳои байналмиллалӣ, 2 мақола дар конференсияи ҷумҳуриявӣ. Устод ҳаммуаллифи 1 китоби таълимӣ мебошанд. Дорандаи медали тилло аз Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 100 лоиҳаи биною иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ.

Зокиров Раҳимҷон Шарипович – омӯзгори калони кафедраи меъморӣ

Фанҳои дарсдиҳанда:  назарияи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, конструксияҳои биноҳои миллӣ, асосҳои муоширати касбӣ ва амсиласозӣ, типологияи (намунаҳо) меъморӣ, колористикаи меъморӣ, санъати меъморию ороишотии Тоҷикистон, лоиҳакашии биноҳои хизматрасонӣ, лоиҳакашии иншооти варзишӣ, асосҳои ихтисоси меъморӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 17 адад мақола, аз ҷумла 9 мақола дар феҳристи маҷаллаҳои КОА ҶТ ва ФР, 6 мақола ва иштирок дар конференсияҳои байналмиллалӣ, 2 мақола дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 2 мақола дар маҷаллаҳои илмии байналмиллалӣ. Муаллифи 2 адад китоби таълимӣ, 4 дастури методӣ мебошанд. Муаллифи зиёда аз 10 лоиҳаҳои биною иншоотҳои шарҳвандӣ мебошанд.

Маҳкамов Тоҳир Раҳматҷонович - омӯзгори калони кафедраи меъморӣ

Фанҳои дарсдиҳанда: метрология, стандартизатсия ва сертификатсия, муқовимати масолеҳҳо, лоиҳакашии иншооти варзишӣ, лоиҳакашии биноҳои хизматрасонӣ, асосҳои ихтисоси меъморӣ, лоиҳакашии меъмории биноҳои бисёртаъинота.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 2 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 1 мақола ва иштирок дар конференсияи байналмиллалӣ, 1  мақола ва иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ аз нашр бароварда шудааст. Аз тарафи устод 1 адад монография бо номи “История развития науки о расчёте конструкции» қисми 1 ба нашр баромадааст. Муалиифи зиёда аз 100 лоиҳа ва сохтмони биною иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои биноҳои шахсӣ мебошанд.

Саидова Светлана Анваровна - омӯзгори калони кафедраи меъморӣ

 

Фанҳои дарсдиҳанда: мусаввирӣ, расмкашӣ, геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ бо AutoCAD,  графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 15 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 2 мақолаи иштирок дар конференсияҳои байналмиллалӣ, 6 мақола ва иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 6 мақола ва иштирок дар конференсияҳои дохилидонишкадавӣ аз фанҳои геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ, мусаввирӣ ва расмкашӣ нашр шудааст. Аз тарафи омӯзгор 10 адад дастури методӣ оид ба иҷрои корҳои амалӣ аз фанҳои геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ, мусаввирӣ ва расмкашӣ  нашр шудааст.

Ваҳобов Исроилхӯҷа Самиевич – ассистенти кафедра

Фанҳои дарсдиҳанда: асосҳои лоиҳакашии меъморӣ, лоиҳакашии меъмории биноҳои бисёртаъинота, лоиҳакашии биноҳои хизматрасонӣ, лоиҳакашии иншооти варзишӣ, асосҳои ихтисоси меъморӣ, лоиҳакашии маҳаллаҳои аҳолинишин, меъёр ва қоидаҳои лоиҳакашӣ дар меъморӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 7 адад мақола, аз ҷумла 2 мақола ва иштирок дар конференсияҳои байналмиллалӣ, 3 мақола дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 2 мақола дар маҷаллаҳои илмии байналмиллалӣ. Муаллифи 1 адад китоби таълимӣ ва 1 адад дастури методӣ аз фанҳои тахассусӣ буда, муаллифи зиёда аз 10 лоиҳаҳои биною иншоотҳои шарҳвандӣ мебошанд.

Низомадинова Раҳатҷон Аминовна - ассистенти кафедра

Фанҳои дарсдиҳанда: асосҳои лоиҳакашии меъморӣ, нақшакашии сохтмонӣ, лоиҳакашии биноҳои камошёна, конструксияҳои биноҳои миллӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ, типологияи (намунаҳо) меъморӣ, масолеҳшиносии меъморӣ, меъморӣ ва бионика, таърихи меъморӣ ва санъат.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 8 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 6 мақола ва иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, 2 мақола ва иштирок дар конференсияҳои дохилидонишкадавӣ дар соҳаи меъморӣ нашр шудааст. Аз тарафи омӯзгор 1 адад китоби дарсӣ дар соҳаи механикаи хокҳо аз нашр бароварда шудааст.

 

Шарипов Фирӯз Фурқатҷонович - ассистенти кафедра

Фанҳои дарсдиҳанда: лоиҳакашии биноҳои камошёна, лоиҳакашии маҳаллаҳои аҳолинишин, асосҳои муоширати касбӣ ва амсиласозӣ, нақшакашӣ бо асосҳои геодезия, практикуми ArchiCad, нақшакашии меъморию сохтмонӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 6 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 1 мақола дар феҳристи маҷаллаҳои КОА ҶТ, 1 мақола ва иштирок дар конференсияи байналмиллалӣ, 3 мақола ва иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, 1 мақола ва иштирок дар конференсияҳои дохилидонишкадавӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ нашр шудааст. Муаллифи 5 адад лоиҳаҳои бинои истиқоматии шахсӣ мебошанд.

Рофиев Исфандиёр Бахтиёрович - ассистенти кафедра

Фанҳои дарсдиҳанда: графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ, нақшакашӣ ва графикаи муҳандисӣ бо АutoCAD;

 

Корҳои нашршудаи асосӣ: 5 адад мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла  2 мақола дар феҳристи маҷаллаҳои КОА ҶТ воридшуда, 2 мақола ва иштирок дар конференсияҳои байналмиллалӣ,  1 мақолаи  байналмиллалии аз тарафи РИНЦ эътирофшуда дар соҳаи сохтмон нашр шудааст. Аз тарафи омӯзгор 1 дастури методӣ аз фанни нақшакашӣ ва графикаи муҳандисӣ аз нашр бароварда шудааст.


: 710

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 15.01.2026
ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ТАЪРИХӢ: СУБОТИ СИЁСӢ, ИСЛОҲОТИ ФАРОГИР ВА ОЯНДАИ РАҚАМӢ
ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ТАЪРИХӢ: СУБОТИ СИЁСӢ, ИСЛОҲОТИ ФАРОГИР ВА ОЯНДАИ РАҚАМӢ
  • 15.01.2026
АЗ ДИДА БА ДИЛҲО РАФТ...
АЗ ДИДА БА ДИЛҲО РАФТ...

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены