10.11.1962

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Таҳсил: мактаби миёнаи № 6 ба номи Т. Шевченко. Хатмкардаи  Донишкадаи политехникии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси сохтмони саноатию гражданӣ (с.1985). Ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили сохтмони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с.1985-1987), аспиранти Донишкадаи сохтмонию муҳандисии ш. Москва (с.1987-1991), ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ (с.1991), омӯзгори калон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ресандагии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1992–1999), мудири кафедра, декани факултети муҳандисӣ-иқтисодии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1999-2010), мудири кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ (с.2010-2019), аз моҳи феврали соли 2019 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Хусусиятҳои ташкили сохтмони иншооти хаттӣ дар мисоли сохтмони роҳҳои автомобилгард омӯхта шуда, таъсири онҳо ба сифати маҳсулоти сохтмонӣ муайян карда шудааст. Механизми ҳавасмандгардонии иштирокчиёни ҷараёни сохтмон вобаста аз сифати сохтмони иншоот коркард шудааст. Оид ба муаммоҳои гузариши иқтисодиёти миллӣ ба укладҳои нави технологӣ дар асоси таъмин намудани рушди инноватсионии минтақаҳо таҳқиқот бурда истодааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи  1 китоби дарсӣ бо тавсияи мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, 8 дастур ва маводи таълимию методӣ, зиёда аз 50  мақолаҳои илмӣ мебошад.  Дар давоми фаъолияти педагогӣ дар ташкили кафедраҳои молия ва қарз, иқтисодиёти соҳавӣ, ташкили ихтисосҳои нав ҳиссагузорӣ намудааст.  Дар тарбияи мутахассисони ихтисосҳои иқтисодӣ ва сохтмон саҳми арзанда дошта, шогирдони ӯ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва хориҷи кишвар фаъолияти пурсамар мебаранд.

Дар Донишкадаи муҳосибони касбӣ ва аудиторони Қазоқистон (с.2000), Донишкадаи политехникии Турин (с.2008), Донишгоҳи давлатии Вилнюс (с.2009) такмили ихтисос намуда, иштирокчии зиёда аз 20 семинар-тренингҳо доир ба стандартҳои байналхалқии муҳосибӣ, маркетинг ва бизнес-нақша мебошад. Дорандаи сертификати CAP – муҳосиби амалиячии сертифитсиронидашуда (с.2003).

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2004;

Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, солҳои 2011, 2020;

Ифтихорномаи директори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ, соли 2014;

Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.