06.12.1959

Номзади илмҳои филологӣ

 

  Тав.: ш. Хуҷанд (ш. Ленинобод), вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №1 ноҳияи Мастчоҳ (с. 1966 – 1974), мактаби миёнаи №2 ноҳияи Спитамен (с. 1974 -1976). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии ба номи С. Киров (с.1980).

Омӯзгори забони англисӣ дар мактаби миёнаи № 22 ш. Хуҷанд (1982-1987с.), мураббия ва муаллимаи забони англисӣ дар боғчаи бачагонаи №360 ш. Мински Ҷумҳурии Белорус (с.1988-1990), ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар гимназияи №24 шаҳри Хуҷанд (с.1990- 1998), муовини мудир оид ба корҳои таълиму тарбия, омӯзгори забони англисӣ дар литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд (с.1998 – 2004), сарвари мактаби хусусии Ю. Д. Рустамови шаҳри Хуҷанд (с. 2004-2005), омӯзгори фанни забони англисӣ дар Донишкадаи русӣ-тоҷикӣ (славянӣ) дар ш. Душанбе (с. 2005-2010), аз соли 2010 омӯзгори калон, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Бори аввал таҳлили ҳамаҷонибаи лексикӣ-грамматикӣ, морфологӣ, семантикӣ ва синтаксисии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ  гузаронида шуда,  ҷанбаи  муқоисавии он ҳамчун ҳиссаи нутқ дар робита ба  тасвири дохилизабонӣ ва байнизабонӣ тадқиқ шудааст, хусусиятҳои дар амал истифода бурдан, таҳия намудан, тақвият додани калимаҳои истилоҳӣ ба ҳар яке аз забонҳои муқоисашаванда муайян карда шудаанд.

Муҳимтарин дастовардҳои фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 монография, 40 мақолаи илмӣ, 4 дастурҳои методӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;

Дорандаи ҷоизаи муаллими беҳтарини забони англисӣ аз рӯйи барномаи амрикоии TEA, соли 2003.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.