23.09.1978

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 16 ноҳияи Б. Ғафуров. Хатмкардаи факултети иқтисодиёт, ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с. 1999). Сарлаборанти департаменти иқтисодиёт ва бизнеси ФХДТТ (с. 2001 - 2003), ассистенти департаменти иқтисодиёт ва бизнеси ФХДТТ (2003 – 2006), муаллими калони департаменти иқтисодиёт ва бизнеси ФХДТТ (с. 2006 - 2010), аспирант, унвонҷӯйи ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш. Хуҷанд (с. 2010 - 2012), омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идораи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ, сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2013-2018), сардори шуъбаи илм ва инноватсияи ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2018-2019), аз моҳи сентябри соли 2019 и. в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Формирование и развитие человеческого капитала в трудоизбыточной экономике (на примере Республики Таджикистан) аз рӯйи тахассуси 08.00.01– назарияи иқтисодиёт, соли 2012. Дар самти илм категорияҳои меҳнатиро ба низом оварда, баҳамвобастагии онҳоро дар микро- ва макросатҳ тадқиқ кардааст. Омилҳои ташаккулёбӣ ва рушди сармояи инсониро дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ки назар ба муносибатҳои мавҷуда дар омӯзиши омилҳои таъсиркунанда на танҳо муносибати комплексӣ, балки муносибати системавиро истифода бурдааст. Таъсири самаранокии иқтисодии маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф ва маданият ва таъсири онро ба рушди иқтисодиёт бо нишондиҳандаи миқдорӣ баҳо додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбия ва омодасозии шогирдон ба озмунҳои фаннӣ саҳми назаррас дорад. Шогирдони ӯ зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни назарияи иқтисодиёт ба ишғоли ҷойи якум (чор маротиба), ҷойи дуюм (2 маротиба) ва сеюм (1 маротиба) ноил гардидаанд.

Муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмӣ, аз ҷумла 19 мақола, 3 дастури методӣ, 3 китоби дарсӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012;

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд;

Гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, соли 2010;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.