07.11.1976

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи  №16. Хатмкардаи факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (с.1998). Ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  (с.2009-2010), ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с. 2010 - 2013), муаллими калони кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ (с.2013 - 2019), муовини декан оид ба тарбияи факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ (с.2014 - 2016),  аз моҳи сентябри  соли 2016 муовини декан оид ба тарбияи факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Соли 2018 дар шӯрои диссертатсионии Д 999.020.02 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Ташаккулёбии муҳити институтсионалии рушди сектори соҳибкорӣ дар системаи иқтисодиёти минтақа (дар мисоли маводи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя намудааст. Дар он асосҳои назариявии раванди ташаккули муҳити институтсионалӣ барои рушди бахши тиҷоратии минтақа ва таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии таъсири тағйироти институтсионалӣ ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа пешниҳод карда шудааст. Системаи тадбирҳо оид ба ташаккули муҳити мусоиди институтсионалӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ байни субъектҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои низоми бозорӣ бо назардошти сатҳи минтақа  коркард шудааст.

Муаллифи 14 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.