08.04.1949

Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоикистон

доктори илмҳои техникӣ, профессор

 

Тав.: ҷамоати Унҷӣ, ноҳияи Б. Ғафуров, вилояти Суғд. Таҳсил: мактаби миёнаи №14 ба номи Н. Бобоҷонов.  Хатмкардаи факултаи механизатсияи истеҳсолоти соҳаи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур (с.1971). Ассистенти кафедраи таъмири мошинҳо (с.1971–1972), инженер–механики колхози ба номи С. Ӯрунхӯҷаеви н. Б. Ғафуров (с.1972–1976), аспиранти Донишкадаи механиконӣ ва электриконии соҳаи кишоварзии ш.  Челябинск ва корманди илмии лабораторияи соҳавӣ (с.1978–1980), муҳандиси  колхози ба номи  С. Урунхӯҷаеви н. Хуҷанд (с.1980), дифои рисолаи номзадӣ дар шӯрои диссертатсионии Донишкадаи муҳандисии  истеҳсолоти соҳаи кишоварзии ба номи В. П. Горячкини ш. Москав (с.1981), инструктори шуъбаи кишоварзии комитети партияи коммунистии вилояти Ленинобод (с.1985–1988),  фаъолият дар вазифаҳои гуногун дар Филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с.1988–1987), Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1988–2009), аз соли 2010  дотсенти   кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ. Ҳимояи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои техникӣ (с. 2018).

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба усулҳои баланд бардоштани эътимодияти кории ҷузъҳоро тадқиқ ва дар семинар–машварати умумииттифоқ (Ленинобод1976) пешкаш намудааст, имконияти бо усули механикӣ ҷамъоварии пахтаи вилоятро кор кардааст, ки он соли 1986 натиҷаи самарабахш дод ва дар бюрои КМ ПКИШ татбиқи худро ёфта, ба ҳамаи ҷумҳуриҳои пахтакори собиқ иттифоқ пешкаш гашта буд. Муаллифи зиёда аз 90 кори илмӣ, аз ҷумла 3 адабиёт, як патент ва дастурҳои методӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ дар мавзӯи «Кор карда баромадани усули оптимизатсияи параметрҳои конструксионӣ ва тарзи кори агрегат барои коркарди асосии хок дар боғоти интенсивӣ» идома ёфта истодааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006;

Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисӣ, соли 2018;

Аъзои шӯрои диссертатсионии 6D.КАО-050, соли 2018;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: +992 92 863 11 65