13.07.1960

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

 

Тав.: ш. Душанбе, аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: мактаби  миёнаи №53. Хатмкардаи факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1982). Дар шуъбаи Осиёимиёнагии Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Госплани ИҶСС, ш. Москва таҷрибаомӯзӣ намуда (с.1982–1984), аспирантураи онро бомуваффақият хатм намуд (с.1984–1987). Дифои рисолаи номзадӣ (с.1988), рисолаи докторӣ (с.2013). Дар Донишкадаи Крэнфилди  Бритониёи  Кабир (с.1997) ва Донишгоҳи Форд Хейси ИМА (с.2006) малакаи илмӣ ва педагогиро такмил бахшидааст. Ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии АФ ҶТ, ш. Душанбе (с.1988–1993), ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АФ ҶТ, ш. Хуҷанд (с.1993–2000), ходими пешбари маркази иқтисодии Пажӯҳишгоҳи менеҷмент ва технологияҳои компютерии назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ш. Хуҷанд (с.2000–2010), аз соли 2010 дотсент, профессори кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Бори нахуст самаранокии иқтисодии истифодаи комплексии неруҳои обии Тоҷикистонро арзёбӣ намудааст. Методологияи ташаккули сиёсати берунмарзии иқтисодиёти кушодаро дар мисоли Тоҷикистон коркард намудааст. Муаллифи зиёда аз 120 тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла 10 рисола, аз қабили «Формирование национальной внешнеторговой политики в малой экономике» (с.2013), «Менеҷменти мунитсипалӣ» (с.2004, ҳаммуаллиф), «Эффективность производства электроэнергии и комплексного использования водных ресурсов региона (на примере Таджикской ССР)» (с.1999) ва ғайраҳо мебошад.

Ғолиби озмуни лоиҳаҳои тадқиқотии Осиёи Марказӣ дар назди Консорсиуми байналмилалии таълими иқтисодӣ ва таҳқиқот, Бишкек (с.2006) ва Институти Ҷамъияти Кушода-Бунёди Сорос, Будапешт (с.2011) мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Мутахассис дар соҳаҳои сиёсати макроиқтисодӣ ва берунмарзӣ, рушди устувори иқтисодиёти минтақавӣ мебошад. Бори нахуст дар Тоҷикистон дастурҳои методӣ ва таълимӣ барои курси иқтисоди амалӣ аз забони англисӣ тарҷума гардид (с. 1988, ҳаммуаллиф). Муаллифи 2 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 12 маводи таълимӣ – методӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011;

Ифтихорномаи директори ДПДТТ ба номи М.С. Осимӣ, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.