28.09.1977

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №22 шаҳри Хуҷанд. Хатмкардаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ (с.1998). Ассистенти департаменти иқтисодиёт ва бизнеси ФХДТТ (с.2002-2006), омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва бизнеси Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2006-2010), омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ (с.2010-2011), сардори идораи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТХ (с.2011-2012), мудири кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идораи ДПДТТХ (с. 2012-2019), аз сентябри соли 2019 сардори маркази тестии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳо:

Дар тренингҳои гуногун иштирок карда дорандаи сертификатҳои зерин мебошад: Андоз ва ҳуқуқ/Муқаддимаи андозбандӣ; Баҳисобгирии молиявӣ 1 ва 2; Баҳисобгирии идоравӣ 1; Коркарди бизнес-нақша; Коркарди нақшаи маркетингӣ; ТОТ аз таҳсилоти иқтисодӣ (Москав, Нижний Новгород (Русия), Киев (Украина), Ереван (Арманистон), Вашингтон (ИМА) ва аз микробизнес аз рӯйи барномаи СЕFE; Усулҳои математикӣ дар иқтисодиёт/Асосҳои эконометрика; Маркази мартаба: тайёркунӣ ба кор ва таҷрибаомӯзӣ.

Дар соли 2011 дар шӯрои дифои ДДҲБСТ дар мавзӯи “Особенности макроэкономического равновесия открытой экономики Республики Таджикистан” рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст.

Муаллифи 6 дастур ва маводи таълимӣ, 31 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014;

Гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, соли 2011.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.