19.08.1989

Номзади илмҳои кишоварзӣ

 

Тав.: шаҳри Конибодом, вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: литсейи тоҷикӣ-туркии ш. Хуҷанд. Хатмкардаи факултети технологӣ-иттилотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2012). Аспиранти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012-2016), муаллим-кормӯзи кафедраи агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2012-2013), мутахассиси маркази тестии ДПДТТХ, ассистенти кафедраи агротехнологияи  ДПДТТХ, (с. 2013-2015),  муаллими калони кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология (аз соли 2015), сардори сектори сифати маводи имтиҳонии маркази тестии  ДПДТТХ (с.2015-2017), аз моҳи ноябри соли 2017 мудири шуъбаи таълим Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Соли 2018 рисолаи диссертатсионӣ дар мавзӯи “Хусусияти парвариши зардолу бо технологияи интенсивӣ дар шароити майдонҳои Сомғор ва Хоҷа-Бақирғони Тоҷикистони Шимолӣ” дифоъ гардид.

Якумин маротиба дар хоки санглохи Тоҷикистони Шимолӣ хусусиятҳои рушд, нумӯю маҳсулнокии навъҳои итродутсияшуда ва маҳаллии боғи интенсивии зардолу тадқиқ гардида, оид ба баланд бардоштани маҳсулнокии дарахтон ва сифати мева тавсияҳо пешниҳод карда шудааст.

Муаллифи 1 монография, 1 васоти таълимӣ, 12 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016;

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.