07.09.1936

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

Тав:  ҷамоати Ёва н. Ленинобод. Таҳсил: мактаби №3 (с.1943–1953). Хатмкардаи факултети автомеханикии Институти роҳи автомобилии ш. Москва (с.1953–1959). Инженер-механик, муаллими кафедраи нақлиёти автомобилии Институти политехникии ш. Душанбе (с.1959–1962), сармуҳандиси автобазаи №3 (с.1960 -1962), аспиранти Институти роҳи автомобилии ш. Москва (с.1962 - 1965), мудири кафедраи Институти политехникии Тоҷикистон ш. Душанбе, роҳбари озмоишгоҳи илмии АСУ – Автотранспорт (с.1966 –1974), директори генералии шуъбаи илмию истеҳсолии трести Автотранстехникаи Вазорати нақлиёт (с.1974-1993), депутати  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи рақами 8, (с.1990 -1995),  иштирокчии  сессияи 16–уми  Шӯрои Олии ҶТ, директори генералии ҶС Тоҷикгазавтосервис (с.1993–2007), аз соли 2007 дотсенти кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Коркарди таҷҳизоти автоматизатсияшудаи шустушӯйи автомобилҳои боркашон, аввалин бор ба истифода ворид намудани системаи нави агрегатӣ – ҷузъии ташкили нигоҳубини техникӣ ва таъмири нақлиёти автомобилӣ, пешниҳоди лоиҳаи васеъ намудани иқтидори муассисаи нақлиётӣ ва амалӣ намудани он, ташкил намудани базаи муштараки илмии омӯзиши эътимоднокии автомобилҳои заводи ба номи Лихачев (ЗИЛ), дар  шароити кӯҳсор ва иқлими гарм.

Аввалин бор  протсессҳои истеҳсолию нақлиётӣ  ҳамчун системаи нақлиёти истихроҷ ё аз нигоҳи имрӯза ва  принсипҳои логистикӣ таҳлил ва тадқиқ шудааст.

Муҳимтарин дастовардҳои педагогӣ:

Ташкили кафедраи иқтисод ва ташкили истеҳсолот ва ба роҳ мондани корҳои методию ташкилии он, ташкил ва ба роҳ мондани кори лабораторияи илмии соҳавии коркарди системаи идоракунии автоматикунонидашуда –Автотранспорт дар ДПТ.

Таҳти роҳбарии устод 3 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Медал барои меҳнати шуҷоатнок бахшида ба 100-солагии  В.И. Ленин, соли 1970;

Ордени “Нишони Фахрӣ”, соли1981;

Дорандаи медали нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ИҶШС, солҳои 1982, 1983;

Грамотаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1983 ва 1985;

Грамотаи фахрии Президиуми  Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, соли1986;

“Нақлиётчии фахрии Тоҷикистон”, соли 1999;

Медали ҷашнӣ бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002;

Ифтихорномаи Ҳукумати вилояти Суғд, солҳои 1996, 2006.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.