21.03.1971

Номзади илмҳои физика - математика

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 5 ба номи 20-солагии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултети математика ва информатикаи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (ҳозира  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, с.1988). Аспиранти филиали Академияи илмҳои ҶТ дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2001-2008), ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Филиали хуҷандии Донишкадаи технологии Тоҷикистон (с.1998 - 2008), омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ФХДТТ (с.2008-2010), дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2010), сардори маркази таҳсилоти фосилавӣ (с.2015 – 2019), аз соли 2019 аъзои шӯрои экспертии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аломати нави якқиматаи ҳалшавандагии муодилаи интегралии Фредголми ҷинси дуюм, ки ба  пайдарпайии системаи муодилаҳои алгебравӣ-хаттии дар асоси  методи механикии квадратур мураттабшуда такя мекунад, муайян карда шуд. Барои ҳалли тақрибии муодилаи интегралии Фредголми тартиби дуюм дар ҳолати бефосилагӣ ва ҳолати сусти сингулярӣ баҳои априорӣ ба даст оварда шуд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 монография, 21 мақолаҳои илмӣ, 4 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.