15.08.1985

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: литсейи №1 ба номи М. Осимӣ. Хатмкардаи факултети информатика ва технологияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2007). Технологи сехи ширии ҶСШП “Комрон-Агро-Холдинг” (с. 2007-2008), аспиранти Донишгоҳи давлатии маҳсулоти хӯрокаи Москва (МГУПП, с. 2008-2011),  омӯзгори калони кафедраи химия ва технологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2012 - 2014), мудири кафедраи химия ва технология (с.2014-2016), мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология (с. 2016-2019), аз моҳи сентябри соли 2019 декани факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Масъалаҳои истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодии арзиши биологии баланддоштаро, ки барои хӯриши беморон, варзишгарон ва омма пешбинӣ шудааст, мавриди тадқиқ қарор додааст. Дорандаи патенти Федератсияи Россия оид ба усули истеҳсоли нон мебошад. Усули коркарди худро дар шароити истеҳсолии яке аз ширкатҳои бонуфузи  Федератсияи Россия “Боско” ба роҳ мондааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар доираи лоиҳаҳои  ҳамкории Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо барномаҳои байналхалқии GIZ “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Миёна”  ва HECAFS “Таҳсилоти олӣ барои система ва стандартҳои маҳсулоти хӯрокаи Осиёи Миёна” ба давлатҳои Осиёи Миёна ва назди Балтик сафарҳои корӣ дошта, дорандаи зиёда аз 10 сертификатҳои байналҳалқӣ мебошад.  

Муаллифи 1 ихтироот, зиёда аз 20 мақолаҳои илмию методӣ ва 6 дастури методӣ буда, дар конференсияҳои илмию байналмилалӣ доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва самаранокии таълим дар низоми кредитӣ баромад намудааст.     

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.