05.07.1961

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи рақами 12. Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (с. 1984).  Сармуҳандиси шуъбаи истифодабарии парки мошину трактории раёсати кишоварзии вилоят (с.1984-1990), мутахассиси пешбари шуъбаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ дар Раёсати кишоварзии вилоятии Суғд (с.1990-1995), мудири таҷрибаомӯзии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (с. 1995),  аз соли 2010 инҷониб омӯзгори калони кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёти Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Усулҳои идоракунии техникӣ – иқтисодии коршоямии автомобилҳо дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон» дар Шӯрои илмии Институти мошинсозии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон (с. 2011).

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва фишурдаи мақолаҳо, 1 монография, зиёда аз 5 маводи таълимӣ, инчунин як китоби дарсӣ - “Сохт ва конструксияи автомобил”, ки аз тарафи Мушовараи Вазорати маориф  ва илми ҶТ бо забони давлатӣ бо теъдоди ҳазор адад ба нашр расидааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.