28.12.1959

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Душанбе, аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 35 ш. Душанбе (с.1967-1977).  Хатмкардаи факултети сохмони саноатӣ ва шаҳрвандии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с.1982). Аспиранти Институти илмӣ-тадқиқотии ба номи Н.Г.Герсеванови (ВНИИОСП) ш. Москва (с.1984-1988), номзади илмҳои техникӣ (мавзӯъ: “Мустаҳкамкунии   зардхокҳои фурӯраванда бо истифодаи обҳои баландфишор”). Корманди хурди илмӣ, корманди калони илмӣ, мудири лабораторияи  асос ва таҳкурсиҳо дар зардхокҳои фурӯравандаи Филиали Институти осиёимиёнагии ба номи Н.Г. Герсеванови (САФ ВНИИОСП) ш. Душанбе (с.1983-1992), роҳбари ҶСК “Хазина” (с. 1994 то ҳол), аз сентябри соли 2010 дотсенти кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Бори аввал таҳқиқи ҳолати шиддатнокӣ-деформатсионии зардхокҳои фурӯраванда бо истифодаи технологияи муосир гузаронида шудааст. Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи Бразилия, Хитой, Италия, Москва, Ленинград, Владивосток, Ростови лаби Дон, Киев, Донеск ва ғайраҳо нашр гардидаанд.

Маҳсули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар сохтмони маҷмӯаи биноҳои совхози №1 н. Данғара (с.1983), сарбанди обии совхози Фахробод ва ш. Калининобод (с.1984, 1985), маҷмӯаи иншоотҳои комбинати орди н. Колхозобод (с.1985), бино мактабҳо дар ноҳияҳои Панҷ, Колхозобод, Коммунистӣ, Қумсангир ва Куйбишеви вилояти Хатлон (с.1985-1992) истифода шудаанд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 3 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 7 дастур ва маводи таълимӣ, 41 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи фахрии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: тел. +992 92 771 56 82

 

 

­