01.05.1987

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: МТМУ №3. Хатмкардаи факултети иқтисодиёт ва бизнеси Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2009). Унвонҷӯи ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (с. 2012-2016), муаллим-коромӯзи кафедраи иқтисодиёт ва идораи ФХДТТ (с. 2009-2010), ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идора дар ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (с. 2010-2016), муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора (с. 2016-2019),   муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ (с.2016-2017) аз моҳи феврали соли 2019 мудири кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Взаимодействие рынков труда и профессионального образования в региональной экономике (на примере Согдийской области Республики Таджикистан) аз рӯйи тахассуси 08.00.05– иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (с. 2016).  Аввалин бор дар илми иқтисодиёти минтақа вобастагӣ ва дараҷаи баҳамалоқамандии бозори меҳнат ва бозори хизматрасониҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар сатҳи минтақа бо назардошти хусусиятҳои иқтисодӣ муайян намуда, таъсири  дараҷаи баҳамалоқамандии ду бозорро бо  рушди иқтисодиёти минтақа исбот намудааст.  Дар натиҷаи таҳлил ва баррасӣ намудан ба нишондиҳандаи талафоти МУДи минтақавӣ вобаста аз дараҷаи пасти баҳамалоқамандии бозори таҳқиқшаванда баҳо дода шудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни роҳбарӣ ба рисолаҳои бакалаврӣ ва магистрӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Муаллифи 15 дастур ва  маводи таълимӣ, 31 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаҳои директори ДПДТТ, солҳои 2016, 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.