11.02.1961

Номзади илмҳои физика-математика

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №16-и шарҳи Хуҷанд (с.1968 - 1978). Хатмкардаи факултети математикаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (с. 1983). Омӯзгори мактаби миёнаи №211 ноҳияи Ленин, муҳандис-барномасоз дар Институти математикии Академияи илмҳои Тоҷикистон (с.1984-1986), аспиранти Институти кибернетикаи Академияи илмҳои ИҶШС (с.1986 - 1990). Фаъолият дар лабораторияи байналмилалии масълаҳои технологияҳои информатсионии “ААПИТ” шаҳри Москва (с.1991-1994), дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Инвариантные свойства псевдорелевантных векторов в задачах информационного поиска” (с. 1994), омӯзгори калон, мудири кафедраи барномасозӣ (с.1992-1999), декани факултети информатика ва технологияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1999-2004), дотсенти кафедраи информатика ва технологияи ФХДТТ, аз соли 2010 дотсенти кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои автоматикунонии равандҳои корӣ, роҳҳои автоматикунонии раванди коркарди додаҳо, алгоритмҳои ҷустуҷӯи босуръати додаҳо, автоматикунонии низоми иттилоотӣ ва назарияи низоми иттилоотӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи зиёда аз 30  корҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ оид ба фанҳои технологияҳои иттилоотӣ, назарияи системаҳои иттилоотӣ, технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002;

Ифтихорномаи идораи маорифи вилояти Суғд, соли 2004;

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.