04.02.1986

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: мактаб- гимназияи №5, деҳоти Хистеварз, ноҳияи Б. Ғафуров. Хатмкардаи факултети информатика ва технологияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2007). Аспиранти Донишгоҳи давлатии маҳсулоти хӯрокаи Москва (МГУПП, с.2007-2011),  омӯзгори калони кафедраи химия ва технологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с.2011-2012), мудири кафедраи химия ва технология (с.2012-2014), омӯзгори калони кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология (с. 2014-2019), аз соли 2020 технологи коргоҳи агросаноатии INCEOGLU дар Туркия.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Тадқиқоти илмӣ ба равияҳои коркарди технологияи маҳсулоти функсионалӣ, истифодабарии ашёи ғайрианъанавӣ дар саноати хӯрокворӣ, тадқиқи моддаҳои фаъоли биологӣ дар ашёи ғайрианъанавӣ, коркарди инструксияи технологӣ барои истеҳсоли консентратҳои ғизоӣ, таҳлили хосиятҳои антиоксидантии моддаҳои фаъоли биологии ғизо бахшида шудааст. Тадқиқоти илмӣ дар пажӯҳишгоҳҳои Донишкадаи ғизоии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия (РАМН), Донишкадаи тадқиқотии қаннодии якуми шаҳри Москва, Донишгоҳи давлатии аграрии ба номи академик К.А. Тимирязева иҷро ва тасдиқ карда шудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар доираи лоиҳаҳои  ҳамкории Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо барномаҳои байналхалқии GIZ “Ворид намудани системаи бехатарии HACCP” ва “Модернизатсияи раванди истеҳсолии корхонаҳои саноатии хӯрокворӣ дар вилояти Суғд” иштирок намуда, соҳиби 5 сертификатҳои байналҳалқӣ гаштааст.  

Муаллифи зиёда аз 32 мақолаҳои илмию методӣ ва 2 дастури методӣ буда, дар конференсияҳои илмию байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзад.     

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.