19.06.1966

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: шаҳри Исфараи вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №30. Хатмкардаи факултети муҳандисию сохтмонии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с.1990). Аспиранти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с. 1992-1996), ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили сохтмони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ (с.1990-1993),  ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти мактаби олии техникии таҷрибавии шаҳри Исфара (с.1993-1999), муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти Коллеҷи технологии шаҳри Исфара (с.1999-2004), мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти КТИ (с.2004-2005), муовини декани факултети технология, иқтисодиёт ва менеҷменти саноати хӯроквории Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2005-2006), декани факултети технология, иқтисодиёт ва менеҷменти саноати хӯроквории ФХДТТ (с.2006-2010), дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи ФХДТТ (с.2010-2012), дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2012-2015), аз моҳи январи соли 2015 дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Масъалаҳои экологию иқтисодии фаъолият ва рушди комплекси саноатиро дар мисоли саноати шаҳри Душанбе мавриди тадқиқ қарор додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни иқтисодиёти бозоргонӣ шогирди ӯ ба гирифтани ҷойи 3 мушарраф гардид (с.2007). Иштирокчии озмуни “Муаллими сол” аз фанни асосҳои иқтисодиёти бозоргонӣ (с. 2008). Соли 2008 Лоиҳаи инвеститсионӣ аз тарафи маблағгузорон  дасгирӣ ёфтаанд.

Соҳиби 18 сертификати байналхалқӣ мебошад.

Муаллифи зиёда аз 10 дастур ва маводи таълимӣ, 105 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.