23.01.1981

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №16. Хатмкардаи факултети иқтисодиёт ва бизнеси Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2002). Ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2006–2010), аз соли 2010 ассистент, омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд. 

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар соли 2013 рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Кластеры как фактор повышения конкурентоспособности региона: на примере Согдийской области Республики Таджикистан” ҳимоя намудааст. Ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии минтақаҳо консепсияи ташаккулёбӣ ва рушди кластерҳои иқтисодиро  дар мисоли кластери коркарди меваю сабзавот пешниҳод намудааст. Натиҷаҳои тадқиқот дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, ҳангоми коркарди маводи таълимӣ аз фанҳои маркетинг, иқтисоди корхона, иқтисоди минтақа татбиқ шудааст.

Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Аз ҷониби ӯ зиёда аз 8 маводи таълимӣ аз фанҳои маркетинг, иқтисодиёти корхона, менеҷмент коркард шудааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи директори ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.