16.08.1958

Номзади илмҳои физика - математика

 

Тав.: деҳаи Лангар, ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Ленинобод (вилояти Суғд), аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №12. Хатмкардаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (с.1983). Аспиранти Донишкадаи физика ва техникаи ба номи А.Ф. Иоффе ш. Ленингради АИ Федератсияи Россия (с. 1991-1994), коргузори кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (с.1980 - 1982), муаллими кафедраи фанҳои умумиилмӣ ва техникаи ҳисоббарории Филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с.1983-1991), муовини декани факултети технологии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ (с.1998 - 2000), мудири кафедраи физика ва химияи факултети технологии ФХДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ (с. 2008-2010), мудири кафедраи физика ва илмҳои умумимуҳандисии ДПДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ (с. 2010 – 2012), мудири кафедраи физика ва информатика (с. 2014 – 2016), мудири кафедраи фанҳои умумитаълимии факултети информатика ва энергетика (с. 2016 – 2018), аз моҳи феврали соли 2018 мудири кафедраи физика ва химияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми физика сатҳи металлҳои дар зери таъсири борбуда бо ёрии профилометри тунелӣ тадқиқ карда шуд. Динамикаи нанонуқсонҳои сатҳи металлҳои дар зери таъсири шиддати механикибуда омӯхта шуд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 12  дастур ва маводи таълимӣ, 60 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2013;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015.

Робита: +992 92 775 70 95