30.01.1975

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби таҳсилоти умумии №12. Хатмкардаи факултети технологии ФХДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 1997). Омӯзгори  касбу ҳунар  дар МТУ № 12 ноҳияи Б. Ғафуров (с.1997-2000), сарлаборанти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ дар Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с. 1997-2002), мудири озмоишгоҳи дӯзандагии ФХДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2002-2008), ассистенти кафедраи технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (с.2008-2010), и. в. сардори шуъбаи кадри ФХДТТ ба номи академик М.Осимӣ (c.2010), унвонҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2011-2015), омӯзгори калони кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабуки ДПДТТХ ба номи академик М.Осимӣ (с.2013-2015), н.и.т., омӯзгори калони кафедраи дизайн ва меъморӣ (с.2015-2018),  аз моҳи сентябри соли 2018  мудири кафедраи дизайн ва меъмории Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Схемаҳои конструктивии тасмаи ҳаракатдиҳандаи мошинаи дӯзандагии  мавҷуда омӯхта шуда, схемаи нави конструктивии тасмаи ҳаракатдиҳандаи амортизатсияшавандаи дорои ҷисми сахт коркард шуд. Методикаи таҳлили кинематикӣ ва ҳисоби параметрҳои тасмаи ҳаракатдиҳанда бо узвҳои кории ташкилкунанда тадқиқ гардид. Натиҷаи тадқиқоти озмоишӣ аз рўйи  сарбории наварди асосӣ, поёнӣ ва наварди ҳаракатовари электрикии мошинаи дӯзандагӣ таҳлил ва татбиқ карда шуд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 монография, 12 дастур ва маводи таълимӣ, зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, соҳиби 3 патент ва 1 гувоҳнома оид ба ихтироот мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.