22.04.1977 

Номзади илмҳои фалсафа

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №2 шаҳри Хуҷанд. Хатмкардаи факултети молияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2010). Аспиранти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (с.2012-2014), дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафии Асади Тӯсӣ дар «Гаршоспнома» дар АИ ҶТ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи академик А. Баҳоваддинов (с.2014), коргузори ташкилоти “Газовик” дар шаҳри Хуҷанд (с.1994), муҳосиби КМИК-и ДДХ ба номи Б.Ғафуров (с.1995-2002), сармуҳосиби ташкилоти “Муқимгидротаҷҳизот” дар ш. Хуҷанд (с.2002-2008), сармуҳосиби т/и ТҶММ-и ДДХ ба номи Б. Ғафуров (с.2008-2012), омӯзгори кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с.2011), омӯзгори калони кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с.2014),  омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва  сиёсати Тоҷикистон (с.2015), дотсенти кафедра (с.2016-2019), аз сентябри соли 2019 омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми фалсафа бахши таърихи фалсафаи Шарқ ақидаҳои фалсафии шоир, мутафаккири форсу тоҷик Асадии Тӯсиро тадқиқ кардааст. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мансуб ба фалсафа ва таърихи фалсафа дар доираи мавзӯъҳои таносуби дин ва илм, масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқӣ, тадқиқи ҷараёнҳои фалсафӣ-динии Шарқи исломӣ ва Ғарб, таҳқиқи таълимоти фалсафаи муосир.

Муаллифи 2 монография ва беш аз 25 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбияи шогирдон муваффақ аст. Шогирди ӯ дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз фанни фалсафа ба ишғоли ҷойи 3 (с.2017, 2018) ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявии ВМИҶТ ба гирифтани ҷойи 3 ва 4 (с. 2018, 2019) ноил гардидааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Ҳуҷанд, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.