01.08. 1977

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №1 н. Б. Ғафуров. Хатмкардаи факултети механикии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2001). Ассистенти кафедраи сохтмони ФХДТТ (с.2007-2010), ассистенти кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд (с.2010-2012), аспиранти Донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳри Москва (НИУ МГСУ, с. 2013-2016), мутахассиси шуъбаи таълим (с. 2016), и. в. мудири кафедраи сохтмон (с. 2016 - 2017), аз соли 2017 омӯзгори калони кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.  

 Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба дар соҳаи илм ва саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ технология ва фоизи ворид намудани пуркунандаҳои сӯзандаро ба мисоли шолипахол ба таркиби масолеҳи девории сафолӣ дар мисоли хишт муайян намудааст. Барои паст намудани зиччии миёнаи хишт ва гармигузаронии он корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронидааст. Инчунин технологияи истеҳсоли масолеҳи сафолии деворӣ (дар мисоли хишт) аз гилхокҳое, ки қаблан дар истеҳсолот истифода намешуданд, бо илова намудани шолипахол ба онҳо коркард шуда, имконоти васеъ намудани базаи ашёи хоми саноати маснуоти сохтмонӣ ба даст омадааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 дастури таълимӣ-методӣ, зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, соли 2016.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.