24.03.1948

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №1 шаҳри Конибодом. Хатмкардаи факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1971). Омӯзгори фанни иқтисодиёти корхона, ташкил ва банақшагирии истеҳсолоти саноатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1971), дифои рисолаи номзадӣ дар риштаи иқтисодиёт (с.1982), дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва истеҳсолоти Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1992), дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1996), мудири кафедраи иқтисодиёт ва идора (с.1998), декани факултети иқтисодиёт ва бизнеси ФХДТТ (с.2002-2007), мудири кафедраи иқтисодиёт ва идораи ФХДТТ (с.2008-2010), мудири кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2010-2013), сардори шуъбаи маркази мартабаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.2015-2018), айни ҳол дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Тадқиқоти илмии ӯ ба омӯзиши хусусиятҳои гузариши иқтисодиёти миллии мамлакат ба шароити бозоргонӣ, муайян намудани роҳҳои рушди устувори саноат ва комплекси агросаноатӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои паст намудани сатҳи хароҷот дар корхонаҳои ҶТ равона карда шудааст. 

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси риштаи иқтисодиёт ҳиссагузор аст. Дар тӯли 50 соли фаъолияти илмию педагогӣ  зиёда аз 110 корҳои илмӣ, таълимию методӣ, аз ҷумла 1 монография, 2 китоби дарсӣ, 8 дастурҳои методӣ, 2 маҷмӯи масъалаҳо, мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба табъ расонидааст. 

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;

Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;

Ифтихорномаи шуъбаи маорифи халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, соли 2008;

Медали «Хизмати шоиста», соли 2009.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.