Имрӯз мо бо ифтихор метавонем, изҳор намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони байналмилалии савдо мебошад ва ба даҳҳо созмонҳои дигар шомил шуда, намегузорад, ки  дар кишвари азизи мо нобасомониҳо рух диҳанд.

Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар марҳалаи кунунӣ, пеш аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи муқаддасоти Ватан ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ин ҳама дар ягонагиву сарҷамъӣ ва кору фаъолияти аҳлонаи мардуми тоҷик ифода мегардад.

Равшани Темуриёнро зарур аст, ки ба ҷои он ки бо дурӯягии беш як бор зодгоҳи азизам Тоҷикистон ва бори дигар ба олитарин арзишҳои он киноя зада, ки воқеият надорад, боре масъулияти хешро дар ватани азизаш ҳис намояд. Ва агар натавонад, боке нест нафароне фидокору ватандӯст дар миллати мо кам нестанд. Барои ҳамин таъкид мекардам, ки Кабириву Илҳом ва яки дигараш Шумо «ҷаноби Равшан», агар зӯратон ба накӯкори нарасад, пас ихтиёр мекардаед, ки ҷаҳолатро пеша кунед, вале бояд донед, ки оини мардигарӣ на дар ин амалҳои зишту паси пардагӣ ниҳон аст. Аз ҳамин лиҳоз бароятон тавсия медиҳам, ки дигар дилсӯзиву ғамхориҳоятонро ба худ ва хоҷагонатон кунед. Дидем, ки аз ин « фидокории» шумобаринҳо кишвар дар қарни гузашта чи ҳодисаҳои даҳшатборро паси сар намуд.

Разолату ҷаҳолати Шумо наҳзатиҳо таҳти фармону амри хоҷагонатон то ҷое омада расидааст, ки ҳатто омодаед, барои онҳое, ки аз худи Шумо силоҳи ҷангиро сохтаанд ҷоннисорӣ кунед. Мутаасифона, пеши чашмонатонро парда гирифтааст, ки имрӯз Шумо  фидоии он нафароне гаштаед, ки бо гуноҳи онҳо оилаатон, ҳаёти осудаатон аз даст рафтааст. Вале то ҳол чашматон инро намебинад ба ҷуз пулу моле, ки то ҳол ба ҷуз ваъда рӯяшро надидаед. Бовар кунед, шояд рӯзе ин ҳасрати ҳаваси Шумо ҳамроҳатон шармандагиву хиёнаткориро зери хок барад. Зеро бераҳмию разолати инсонии шумобарин нафарони ба ҷомеа хатарнок аз ҷаҳлу нодонӣ ва ғафлату манфиатҷӯии касон сарчашма гирифта, мутаассифона аксаран бо пирояи дину оин ва  тариқату мазоҳиб пардапӯш мегарданд. Аз ин ҷост, ки Ҳаким Фирдавсии бузург бо ишора ба ин иллати маҳкумпазири инсонӣ фармудааст:

Зиёни касон аз пайи суди хеш ,

Биҷӯянду дин андароваранд пеш.

Ин амали ноҷавонмардона, ки хилофи ҳамагуна  оину аҳком ва таомули исломиву инсонист танҳо ҳадафҳои террористиро бо худ дошта, халқҳои  оламро барои муборизаи беамон бар зидди моҷароҷӯёни террористӣ даъват менамояд.

Ба мардумон рӯ оварда таъкид менамоям, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надодани кулли мардуми тоҷик хосатан ҷавонон ба мавқеъ ва мақоми насли калонсол, ба зиёиён, омӯзгорон ва фаъолони маҳаллаҳо вобастагии қавӣ дорад. Итминони комил дорем, ки минбаъд ҳам ҷомеаи аз душвориҳои таъриху солҳои душвори навадум гузашта барои осудагӣ, сулҳу ваҳдат дар кишвар матонат нишон медиҳад ва ба рағми гурӯҳбозон оштинопазирона мубориза мебаранд.

Наим Рашидов, номзади илмҳои кишоварзӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд