Таи рӯзҳои охир тавассути оинаи нилгун ва расонаҳои хабарӣ огаҳӣ  пайдо намудем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомоалӣ  Раҳмон дар вилояти мухтори Кӯҳистони  Бадахшон сафари корӣ  анҷом додаанд. Тавре ба мо маълум шуд, дар сафар Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур ба кушодашавии чанде аз корхонаву макотиб, корхонаҳои иқтидорашон хурду миёна ширкат варзида, онҳоро ба истифода доданд. Аз ҷумла дастоварди калони  замони истиқлолият, маросими ба истифода супоридани Донишгоҳи Осиёи Миёна низ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифт.

Мо, мардуми тоҷик, ки аз азал илмдӯсту маорифпарвар, ҳамчун вориси арзандаи Аҳмади Дониш то ба имрӯз мерос овардем. Аз ин лиҳоз таҳти ҳидояти Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба соҳаи маориф бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ки ин бевосита барои пешрафии маънавиёти мардум заминаи мусоид аст.

Аз чеҳраҳои хушнудии мардумони Бадахшон хурду бузург бараъло маълум буд, ки то чи андоза аз ташрифи Пешвои миллат хурсанду шод буданд. Тӯҳфаҳои сарвари давлатро бо хурсандӣ пазируфта, васфи эшонро аз таҳти дил ситоиш намуданд. Аз ҳама ифтихормандии бузург дар он аст, ки имрӯз мардуми ориёитабори мо, бо ҳисси баланди сарфарозӣ  аз доштани чунин як Пешвои муаззам, марди оқилу доно хушбахтанд. Ҳангоми суханронии Сарвари давлат, тамоми мардум ҳамчун мояи ифтихор ба по хеста, кафкӯбӣ мекарданд.

Маҳз нуқтаи асосии навиштани ин матн низ дар ҳамин ниҳон аст, зеро чанде пеш бо изҳороти роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ ошноӣ  пайдо намуда, барои ифшои изҳорот ба ҳоли эшон бисёр «нигарон» шудам. Бовар кунед, Кабирӣ   ва намояндагони ӯ маълум аст, ки аз бечорагии беш чи кор карданашонро надониста истодаанд. Бинед, ҳатто САҲА замоне розшунавӣ  онҳо буд. Ҳоло нияти дасткашҳӣ аз иштироки онҳо дорад. Имрӯз ин созмон фаҳмид, ки ин ташкилот бо омода намудани террористон машғул аст. Зеро онҳо дар назди ҳамаи иштирокчиёни конфронс идао намуданд, ки онҳо давомдиҳандагони босмачиёни ҷангталабанд ва то метавонанд дар даъвои худ содиқ мемонанд. Аз ин рӯ қарор кард, ки минбаъд иштироки онҳоро дар конфронс иҷозат нахоҳад дод. Ба Кабирӣ  ва намояндагонаш мегӯям, ки аввал гурезаи хок шудед, баъдан аз конфронс ронда шудед. Акунун равед ба он бошишгоҳи хоҷагони фармондеҳ, ҳозир то он ки мақсади нопокашон амалӣ  шавад бо фатиру ҳалво меҳмон мекунанд, ҳамин ки шуморо истифода карданд, бовар кунед аз он ҷо низ ронда хоҳед шуд.

Маълум аст, ки бо ҳидоятҳои хоҷагон ё бо ҳисси бадбинии ботинатон бошад, эҳтироми мардумонро ба Пешвояшон нахостед, дар умум тақлид намудед. Чӣ  дигар мавзӯи актуалӣ  набуд, магар?

Мардуми бомаданияти тоҷик аз тамоми он заҳаматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат бохабаранд, ки барои некӯаҳолии мардум чӣ тадбирҳоро ба роҳ монданд. Ин аст, ки бо ҳисси эҳтироми воло ва арҷгузорӣ ба меҳнати софдилонаи Сарвари давлат, ба ҳар як нуқтаи сухани эшон кафкӯбӣ  намуда, аз ҷой бархостанд.

Ин масъала низ яктараф, марги Санавбар Раҷабов, ки ӯ худ бо амри тақдир маризии сактаи дил дошта, вафот кардааст, даъво доштанд, ки сабаби ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса дар он аст, ки роҳ баста буду ӯ реҳлат кард.

Тамоми мардуми вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шод аз онанд, ки ташрифи Пешво ба хонадони ҳар кадоми онҳо фараҳу шодӣ  овардаст. Зеро ба истифода додани мактабҳои боҳашамат ва ифтитоҳи ДОМ тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати кишар, ширкати Оғохон ва махсусан Пешвои миллат аст.

Раҳимова Алия Раҳимовна, номзади илмҳои химия, дотсент