Нӯшервони одил аз вазири худ мепурсад: 

- Тавонгар кист?

Бузургмеҳр ҷавоб медиҳад:
- Он ки ба ҳама некӣ кардан мехоҳад.

Нӯшервон боз мепурсад:
- Бадтарин кас кист?
- Бадтарин кас онест, ки бадхоҳи одамон асту ба онон бадӣ мекунад, - мегӯяд Бузургмеҳр.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки инсони нек бояд дар ҳамаи давру замон аз худ амали неке ба ёдгор гузорад, то пас аз марг ӯро ба некӣ ёд кунанд. Зеро баъди инсон танҳо ёди нек, амали хайру савоб ҷовидон боқӣ мемонад.

Шахси неку хайрандеш ҳамеша бообрӯ, соҳибхирад, некном ва маркази диққати ҳамагон аст. Накӯкорон ҳамеша бо мадади Офаридгори бузург дар раҳматанд. Беҳуда нагуфтаанд:


Ҳар кӣ ӯро хайр одат мешавад,
Бегумон,  молаш зиёдат мешавад.

 

Дунё саросар пур аз шодиву хурсандӣ ва ғаму дардҳост. Инсон, ки ҳамчун як мавҷуди бузурги олам арзи ҳастӣ мекунад, чун офтобест, ки лаҳзае ҷилои равшанию нур медиҳаду лаҳзае ба ғуруб меравад. Чун оташест, ки даме бо сӯхтану сохтанҳояш ҷаҳонро пурнуру сипас ба хокистар мубаддал мегардонад. Агар инсон хоҳад, бо қувваю мафкураи бузургаш сангро ёқут ва лаълро гавҳар мегардонад, вале агар хоҳад, зиндагиро тамом мебахшад.

Инсон танҳо тавассути некиву накукорӣ, саховатмандиву мардонагӣ метавонад сазовори номи неку рузгори осоишта бигардад.

Аз ин рӯ зарур аст, ки дасти мадад ва ёрии  худро ба дармондагону мӯҳтоҷон дареғ надорем.

Ба номи директори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода боз як номаи сипос омада расид.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, ниёзмандон Раёсати донишкада низ тасмим гирифтааст, ки ба ниёзмандон ёрӣ расонад.

Сипоси беандоза аз номи Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ – кӯдакистони №19 “Зебо”, ки дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, барои кӯмаку дастгирии Раёсати донишкада дар заминаи аз нав бунёд гардидани кӯдакистони мазкур, ки бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд,  омада расидааст.

Раёсат, устодон ва донишҷӯёни  донишкада тасмим гирифтаанд, ки то қадри имкон ба ятимону бепарасторон, хона-интернатҳо, хонаи маъюбон  кӯмак расонанд.

 Ҳар амалеро подошест. Боварӣ дорем, ки амалҳои неку сахо ҳатман оқибати хайри худро хоҳанд ёфт.

 Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
      Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.