Бо иштироки беш аз 60 нафар устодони донишкада чорабинии сиёсӣ дар мавзӯи «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» доир гардид. Мӯҳтавои чорабинӣ ба аҳли устодон фаҳмонидани сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шунидани фикри устодон перомуни ободкориву созандагӣ ва авзои сиёсии ин минтақаи дурдасти кишвар буд.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия, номзади илмҳои техникӣ Фаррух Аминов ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки оиди сафари Сарвари давлат ба ВМКБ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд маводҳо дарҷ шуданд. Аксари нигоштаҳо ин сафари бобарори Роҳбари давлатро нек арзёбӣ намуда, мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳои гуногунро бар нафъи бошандагони ин минтақаи дурдаст арзёбӣ намуданд. Аммо дар  ин миён «журналисттарошону коршиносони масоили сиёсӣ» дастуру супоришҳои Сарвари давлатро вобаста барои боз ҳам хубтар гардидани вазъи сиёсии ин минтақа ба таври муғризона қаламдод кардаанд. Вазифаи ҷонии мо бояд ба аҳли ҷомеа ба дурустӣ фаҳмонем, ки супоришҳои додаи Пешвои муаззами миллат барои тинҷиву ободӣ ва пешрафту шукуфоии ин гӯшаи ободи диёр, ки «Дарвозаи тиллои Тоҷикистон»  низ меноманд, нигаронида шудааст.

Номзади илмҳои суханшиносӣ, мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Тайиба Бобоева дар суханронии хеш иброз дошт, ки нотавонбинону душманони миллат мехоҳанд ба ҳар роҳ вазъи сиёсии кишварро ба чашми оламиён чун миллати ҳақиру залил нишон диҳанд. Сафари панҷрӯзаи Роҳбари давлатро ба ВМКБ дар расонаҳои ахбории «Паём. нет», «Ахбор.ком» ба таври муғризона инъикос намуда, гӯё ин минтақаи аз лиҳози сайёҳӣ рушдкардаро чун минтақаи қафомонда арзёбӣ намудаанд. Вазъи таъминот бо маводҳои хӯрокаро дар минтақа ташвишовар маънидод кардаанд. Хол он ки нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба вилояти Бадахшони кӯҳӣ бештар буда, ин ҷо то таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 150 иншооти ҳаётан зарурӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар қиёс ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳама фасли сол вазъи таъминот бо барқ хубтар аст. Ҳоло сарҳади вилоят аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи сарҳадӣ хуб нигаҳбонӣ шуда, ягон қувва наметавонад ба ҳудуди кишвар ворид шавад. 

Зодаи вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, номзади илмҳои математика, дотсент, мудири кафедраи математика Сардор Ғуломнабиев, ки пайваста тавассути телефон аз аҳволи хешону пайвандонаш дар шаҳри Хоруғу дигар минтақаҳои ин гӯшаи дурдаст пурсон мешавад, вазъи сиёсии вилоятро ором арзёбӣ намуда, овозаҳои бардурӯғро вобаста ба вазъи муташанниҷи сарҳади вилоятро рад кард. Гуфта шуд, ки дар ҳақиқат дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он буданд нафароне, ки ба таври қочоқ аз мамлакати ҳамсоя маводи мухаддиру яроқу аслиҳа ворид ва вазъи сиёсии шаҳрро нотинҷ мекарданд. Имрӯз бошад баъди тағйироти кадрӣ дар мақомотҳои қудративу иҷроия ин гурӯҳҳо аз байн бардошта шуда истодаанд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»-и донишкада андешаҳои худро перомуни вазъи имрӯзаи вилояти Бадахшони Кӯҳӣ баён дошта, қайд намуд, ки баъд аз созишномаи «Паймони миллӣ», ки душманони миллат дар шаҳри Варшава дар нишасати САҲА бо ҳам омаданд, ҷанги иттилотӣ аз ҷараёни САҲА ба ВМКБ  кӯчид. Хосса, роҳбари Анҷумани озодандешон Алим Шерзамонов ва дигар думравони Кабирӣ амсоли Шарофиддин Гадоев ҳар яке вазъи сиёсии ВМКБ-ро ташвишовар баҳогузорӣ намуда, бо овардани «мисолҳо» хостанд мафкураи сокинони Бадахшони Кӯҳиро бар зидди давлат ва Ҳукумати кишвар равона кунанд, аммо тирашон хок хӯрд. Хурду бузурги ин минтақа сиёсати Роҳбари давлатро дастгирӣ мекунанд ва он ободие, ки имрӯз дар ин гӯшаи кишвар шуда истодааст, болотар аз дасисаҳои душманони миллат аст.

Фаррух Аминов дар фуроварди чорабинӣ қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани дониши сиёсии устодону шогирдон, мавқеъгирии шоиста дар ин самт ва аз як гиребон сар бароварда, барои пойдории кишвар саъй варзидан аст.      

Хиромон Пӯлодова, корманди  нашрияи «Меҳвари дониш»-и ДПДТТ