Ростӣ интизор набудам, ки як олими тавоно, роҳбари ба қавле ҳизби пурқудрати гуреза ва сарҷамъкунадаи муттаҳамони аз давлату миллат ранҷида ба ин сон дар ҷаласаи САҲА суханронӣ кунад. На танҳо ман, балки чашми ҳазорон ҳазор мардуми кишвар, онҳое, ки ба Муҳиддин Кабирӣ дар як гӯшаи дилаш оташаки боварӣ доштанд, умедвор буданд, ки Кабирӣ ҳар он суханҳое, ки дар ин чанд моҳи охир нисбати ӯву ҳизбаш гуфтанд, рад мекунад, бо мисолҳои возеҳ банд ба банд ва ҳатто ҳарф ба ҳарф посухи воқеӣ медиҳад. Интизор буданд, ки Кабирӣ «сайёҳони хориҷиро наҳзатиҳо накуштаанд», мегӯяд. Умедвор буданд, ки «Ҳар ҳарфу ҳиҷои Аёмиддин Саторов ва Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дурӯғи маҳз аст» мегӯяд. Интизор буданд, ки Кабирӣ мегӯяд, ки «Мо пойбанди ягон қувва нестем ва Эрониҳоро беҳуда мазаммат накунед». Аммо баръакси ин уммедвориҳо Муҳиддин Кабирӣ  дар суханронии худ дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Варшава танҳо аз истиқлолият ва хизматҳои «содиқона»-и Тоҳири Абдуҷаббор ва Сайидабдуллоҳи Нурӣ сухан гуфт. Аз суханронии Муҳиддин Кабирӣ эҳсос мешуд, ки гӯиё дар истиқлолият ба даст овардани тоҷикон танҳо онҳое даст доранд, ки ифтихори миллашон боло буд. Ӯ режими шӯравиро, ки сокинони гуногунмиллатро дар зери як ақида сарҷамъ менамуд, ба риштаи танқид кашида, ватанхоҳону истиқлоҳоҳонро васф менамуд. Ман тарафдори ақидаву корбариҳои он замон нестам, аммо ҳаққи танқид карданашро низ надорам. Биёед, як андеша кунем. Дар кадом кунҷи ин мамлакати паҳновари шӯравӣ миллатбадбинӣ буд. Ҳоло дар Тоҷикистони кӯчаки мо бо айби тафриқаандозиҳои наҳзатиҳо барин қувваҳо ҳатто бародар бо бародар дар ҷанг аст.

Сахт шигифтзада шудам, ки Кабирӣ аз босмачиҳо қаҳрамон сохт. Магар мо фаромӯш кардам, ки босмачиҳо бо дасти кӣ хешу ақрабои худро куштанд. Мо гуфта метавонем, ки босмачиҳо босавод буданд. Ба ҷои ин ҳарфҳо Кабирӣ аз хизматҳои таърихии Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум,Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садри Зиё, Шарифҷон Махдум, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва ахиран аз корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сухан мекард, мо ба ӯ қоил мешудем.

Бояд иқрор шуд, ки дар ин чанд соли охир дар ақсои олам номи исломро бадбинони онҳо ба мисоли ҲНИ доғдор кард. Наход мусулмон ба амали терроистӣ қодир бошад.  

Ҳизби наҳзати исломи ҳарчанд ба гуфти аъзояш чанде пеш 40 сола шуд, ҳанӯз ҳам дар дили сокинони меҳру муҳаббати худро нисбаташ бедор накардааст, дар ҳоле Каюирӣ аз миллату худшиносӣ сухан мегӯяд, кореро дар самти худшиносии миллат анҷом надодааст. Истифодаи калимаи ислом барои онҳо аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст, зеро маҳз ҳамин вожа, ки дар худ ҷаҳонеро ғунҷондааст, аъзо ва пайравонашро зиёд намудааст. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, зумрае аз наҳзатиён ба ҷои он ки мардумро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват намояд, баръакс тафриқандозиву мунофиқаро миёни омма бармеангезад.

Ҷаноби Кабирӣ бояд хафа нашавад. Дар сафҳои ӯ кам ҳастанд шахсони воқеан ҳам донишманду дилаш ба ин миллату меҳан месӯхта. Аксаран ба хотири таассуб ба ин ҳизб шомил шуданд ва имрӯз аз ин амалкарди хеш пушаймонанд.

Ҳамагуна зуҳоротро яктарафа баҳо додан ягон вақт шахсеро ва ё ниҳодеро соҳибобрӯ гардонида наметавонад. Ҳукумат низ иқрор мешавад, ки дар ҷомеа камбудиҳо зиёд аст.

 Зиндагӣ яксон намемонад. Роҳбарияти кишвар дар мавриди ҳизбу ҳаракатҳо таҳлили худро дорад. Ва сиёсати давлатии Тоҷикистон тавре роҳандозӣ гардидааст, ки мардумро ба сӯи нури зиё раҳнмамун месозад.

Ҳоло наҳзатиён иддао доранд, ки чаро маҳз ҲНИ мавриди танқиди шадид қарор мегирад. Ин сабаб дорад. Зеро фаъолияти ҲНИ бо он сиёсате ки имрӯз дорад, ба ҷомеа хафи бештар дорад. Иқрори гуноҳҳои хеш аз ҷониби Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва ё Аёмддин Саттров худ далолати гуфтаҳои болоиянд.

Мо намехоҳем, ки мамлакатамон мисли кишвари ҷангзадаи Афғонистон бошад. Имрӯз мардум дилшод аз онанд, ки тинҷиву оромӣ ҳукмфармост. Ватанро нафарони сарсупурда ҳимоя мекунад. Қувваҳои мусаллаҳамон дигар он зарфиятро надорад. Онҳо ҳамвора пурқувват шудаанд. Дар баробари ин мардум низ мардум бедор аст. Сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд.

Насим Тошхӯҷаев,

номзади илмҳои химия,

устоди кафедраи химия ва технологияи хӯрока