Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Гарчанде, ки инро ҳамон Илҳом Ёқубови роҳбари “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” аз ин неъматҳои миллати мо огаҳ асту дигар илоҷи ба ин сарзамин ворид шуданро надорад. Имрӯз аз ночорӣ  ва пуштибонӣ аз хоҷагони фармондеҳаш намуда, иддао дорад, ки дар миллати мо ба озодандешон гӯё ҷой набошад. Ин танҳо аз назарии маҷбурияти ӯст ё шояд назари асосиаш бошад, аммо баробари шунидани ин изҳороти Илҳом ба ҳоли маъюсаш “раҳм” кардам, ки ӯ дигар кор наёфтааст ва пайгирии ин муамморо намудааст. Дар қаламрави кишвар наздики 350 нашрияҳои дафлативу махсусгардонидашуда, фаъолият мебкаранд. Ва ҳамаи онҳо хабарнигорону кормандони масъул доранд ва ҳар кадоме мавзӯъеро пайгирӣ намуда, онро ба нашр мебароранд. Касе бобати нашрияи эшон ва баёни суханашон коре надорад.

Дар масъалаи журналисти “муваффақ” Исмоилови Аштӣ гуфтаниам, ки ӯро барои ситонидани ришва ба бар киссаи мардум зарар ворид намуданаш аз кораш сабукдӯш намуда, зиндонӣ карданд. Илҳом бояд фаҳмад, агар ин қадар “озодандешу сухандону журналист” бошад, ки агар дар ҳақиқат Исмоилов бегуноҳ ҳабсӣ мешуд, худ аз ҳамаи қоидаву қонуниятҳои муаллифӣ дифоъ намуда, худро раҳо мекард. Айб дар гарданаш печ задааст, ки аз худу аз касбаш дифоъ карда натавонист.

Гузашта аз ин чаро ин қадар ин Илҳоми замоне бо сарварии ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, худро муаррифӣ менамуду бо пулу моли ҳароми хоҷагонаш гӯё сарватманду бизнесмен гардида, ба хоки поки ватанаш хиёнатро раво дид. Имрӯз бошад ӯро кӣ ва бо кадом салоҳият Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ кардааст, ҳайрон шудам.

Бисёр аҷибу хандаовар, ки Илҳом худро гӯё журналиста барҷаста ҳисобида атрофи озодии баён дар Тоҷикистон талош намуда истодааст.  Ӯ худ кист, ки тоҷику Тоҷикистониёнро фикр мекунад. Тавре ҳарф задааст, ки ӯ журналист асту барои нашри баёнаш касе иҷозат надода бошад.

Ҳоло аниқ ба кори  ташкилоти САҲА баҳои худро медиҳам, ки он бар шаҳри бедарвозае мубаддал гардидааст. Дар асл макони буду боши намояндагони ТТЭ ҲНИ гаштааст, ки ҳар кадоме мехоҳад аз минбари он рози дил ва маърӯзаи бардурӯщу ифроташро паҳн мекунад. Дуруст ба мисоли роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва шогирдони дар мактаби “сухандонон”-и Кабирӣ тарбиятдида.

Илҳом Ёқубов бояд донад, ки дар миллати мо озодии баён дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатиамон ҳукмфармо гашт ва бо боварии беш аз пеш метавонем зикр намуда бошем он нафаре ки ба озодиву ободии диёру ватани хеш бетарафӣ зоҳир менамояд ба қадри оила, ёру дӯстон ва бар зидди фарзандон намерасад, шукронаи ин сарзамини муқаддас намекунад, нонро аз нонреза тафовут мерасонад, бедорхобиҳову сарсониҳои волидайни хешро намедонад ва ҷоннисориҳои қахрамононро пушти по мезанад экстремист гуфта тавонем. Ҳамин тавр дигар аз инсонии Илҳом осоре боқӣ намондааст, дар умум ин чиз дар ниҳоди тамоми ватанфурӯшону хоинони миллат бармоло ба мушоҳида мерасад. Шумо ба қавле назҳатиҳо дар ҳақиқат ба гардани ташкилоти САҲА бор шуда гирифтед, дар ҳамин замина ба Шумо маслиҳат медиҳам, ки ин созмон замоне барои нафароне кор мекард, ки бо баромади худ аз минбари он ба кишварҳои аъзо роҳҳои дурусти рушду тараққиётро нишон диҳад. На ба мисоли имрӯз паҳнкунандаи нашрияи ифротиву муҳалгарои ва ҷудоиандозии мардумон.

Кабирӣ ва намояндагони “фаъоли” ӯро зарур аст, ки агар дар гузашта аз демократӣ  будани кишвари мо дарак надошта бошанд, бори дигар таърихи начандон дури онро варақгардон намоянд. Он гоҳ хоҳанд дид, ки Тоҷикистон мазраи ободу озоди мардумони соҳибфарҳанг аст.

Наимхон Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент,

устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология