Мусаллам аст, ки ҷомеаи имрӯзаро яке аз зуҳуроти номатлуб фаро гирифта, он хатари ҷиддиест барои амнияти миллии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Раванди исломикунонии бархе аз давлатҳое, ки фирефтаи доми терористон гардида, баъзеи онҳо иҷборан барои исломи гаштани давлат идао доранд, мо, мардуми Тоҷикистониёнро водор месозад, то аз фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон ҳамаҷониба бохабар бошему дар ҳифзу ҳимояи он кӯшем.  Моро мебояд, то  нагузорем, ки заҳмати чандинсолаи гузаштагони мо барбод наравад, зеро барои имрӯзиён ҳазорҳо аҷдодони мо ҷоннисорӣ намуда, барои насли оянда миллати тоҷдореро ба ном Тоҷикистон эҳё намудаанд. Албатта мо наберагону фазандони он нафароне ҳастем, ки барои ободии ватан ҷони хешро бедареғ фидо намудаанд ва ҳамаи ин саргузашти эшон дарси ибрати мо ҷавонон асту таҷрибае аз ин корнамоиҳои чунин қаҳрамонони ватанпарвар аз худ намуда бояд саъю талош бар он варзем, ки мо низ барои насли оянда кишвари озоду обод ва соҳиби демократияро муҳайё намоем. Аз ин лиҳоз баҳри баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбҳои экстремистиву-террористӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ , бахусус дар маҳалҳо чораҳои махсус дида истодааем.

 Боиси сарфарозиҳои мост, ки имрӯз ҷавонони давлати мо таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллати тоҷик таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда,  самти сиёсати ҷавононро боло мебардоранд.

Вазъи иқтисодии на танҳо ҷумҳурии мо, балки тамоми ҷаҳон имрӯз муташанниҷ гардидаву баъзе аз масъалаҳои дигар ба мисоли амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгорою иртиҷоии терористон вақтҳои охир каме коҳиш ёфтааст. Ин ҳама сабаби он гардидааст, ки дар байни мардум, каме ақидаҳои бемаънӣ пайдо гардида истодааст ва  ин масъала аз тарафи дигар боиси бекор мондани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷаи кишвар  шуда истодааст.  Ва маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб, ҳам ба иқтисодиёти ҷаҳони ва ҳам ба мафкураи ҷомеаи ҷаҳони халал ворид менамояд. ба ҷумҳури воридоти маблағи пули кам шуда истодааст.  

       Ягона ҳадафи нопоки чунин гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла, ҲНИ ин аз байн бурдани давлатҳое, ки имрӯз соҳибистиқлол гардидаву мардумонаш озод ҳастанд онро зери ҳадаф қарор дода, аз баъзе ҳолатҳои ногувори мамлакатҳо сӯи истифода менамоянду  мехоҳанд вобаста ба дини мубини ислом ҳарф зада, ба маъное, ки ақли инсонҳоро бо ҳар гуна  роҳҳо дуздида истодаанд. Масалан чанд гурӯҳҳои ба ном опозитсионии кишвар дар якҷоягӣ “Паймони миллӣ” ташкил намуда,  мехоҳанд мардумони соддафикрро ба доми олудаи хеш кашида эшонро ба фоидаи худ истифода баранд.  Маҳз барои ҳамин намояндаҳои онҳо дар маҳалҳо зери ниқоби дини мубини ислом   мардумро ба ҳар гуна амалҳои зидди инсонӣ даъват мекунанд.  Афсӯс,  ки  нафароне ҳам дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ки  ба мардумфиребӣ ё худ ба  доми чунин ҳизбҳо ё ин ки шахсони алоҳида меафтанд. Ба қавлу алфози дурӯғини эшон, ки гӯё дар давлати исломӣ  зиндагии аз ин ҳам орому осуда онҳоро мунтазир аст,  эътимод менамоянд, дар урфият як зарбулмасале аст, ки “шахси бегона ҳеҷ гоҳ хонаи моро обод намекунад”.

Зариф Довудов,

устоди ДПДТТ,

номзади илмҳои техникӣ