Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта дар вазъияти бисёр ногувору сахте қарор дошт. Вале мардуми шарафманди ватани азизамон нагузоштанд, ки сабабгорони ин вазъият ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Фарзанди фарзонаи миллат каҳрамони халқи тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси сулҳпарварониашон Тоҷикистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд. Гурӯҳи мухолифинро даъват намуда, ба хотири якпорчагии миллат гуноҳҳои онҳоро бахшида, ба онҳо бовар карда баъзе аз корҳои баланди давлатиро ба онҳо супориданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ин хоинони миллат шукргузории бахшиши Пешвои миллатро ба ҷо наоварда даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, вале хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасида шармандавор шикаст хурданд ва ба хориҷа фирор намуданд. Яке аз он думравони наҳзатӣ, ки худро ҳоло роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст Илҳом Ёқубов мебошад. Барои ӯ дар зиндагӣ пул мавқеи асосӣ дошт ва мемонад. Ӯ ислоҳнашаванда аст ва аз рӯи гуфти устодонаш кор мекунад. Мавзӯе, ки дар нишасти САҲА иброз доштааст ба фаъолияти журналистика ва суди Тоҷикистон рабт дошт, вале ӯ аз назари бадбинона ин соҳаҳоро дар Тоҷикистон дар ҳоли паст баҳогузорӣ намудааст, ки ин хатои маҳз аст. Мо ба баҳои чунин як нафари хиёнатпеша ниёз надорем. Ва гуфтанием, ки миллати мо дар роҳи дурусти давлатдорӣ қадами устувор мегузорад. Мо намегузорем, ки пойи як лаине ба Тоҷикистон бо мақсадҳои сиёҳ ворид шавад.

А. Акрамов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети сохтмон ва нақлиёт

Ш. Алиев, номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи нақлиёт

М.Холиқов, унвонҷӯйи кафедраи нақлиёт