Ҳамдиёрони  азиз!

Истиқлолияти комил дар ҳаёти сиёсии ҳар як давлату миллат бебаҳотарин неъмат маҳсуб шуда, тавассути он таърих, тамаддун, фарҳанг ва оини давлатдориро ҷаҳониён мешиносанд. Аз таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлати мо рӯзҳои башумор гузаштанд. Вале шукуҳу ҷалоли ин санаи фархунда то ҳанӯз дар ҳар хонадон эҳсос мешавад. Худ бо чашми ҳақбин дида истодаем, ки чи тавр давлатамон пеш рафта истодааст. Муҳим сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, суботи сиёсӣ дар кишврамон ҳукмфармо буда, мардум бо шукрона аз тинҷиву амонӣ паи меҳнати ҳалоланд. Мо худ шоҳидем, ки чи тавр шодиву сурур, тантанаҳои ҷашнӣ дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, Хуҷандшаҳри бостонӣ ва Раштонзамин доир гардид. Дар ин ҷашнвораҳо мардуми тоҷик ба оламиён бори дигар исбот намуд, ки барандагони фарҳанги бою рангин аст. Ва ин миллат пеши касе хору залил нест, балки бо шахсияҳои абармардаш чун  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ифтихор дорад.  Зеро ин ҳомии давлат ва миллати фарҳангпаноҳ бо дониши баланди сиёсии худ, бо дили чун оина софи худ тавонист ин миллати парокандаро бо ҳам биёрад. Дӯстиву рақобатро пойдор созад. Аммо ин ҳама дастовардҳоро аҳримансифатон дидан намехоҳанд.  Ба таъбири халқӣ аз таги нохун чирк кофтанӣ мешаванд. Бо ҳадафҳои ғаразноки худ кӯшиш менамоянд, обрӯ ва мақоми кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ паст созанд. Чун хоиннони Ватан дар хонаи худ ҷой наёфтанд бо роҳнамоии хоҷагони бегонаи худ берун аз марзи кишвар бо дасисаву бӯҳтонҳо мехоҳанд ба номи баланди тоҷик доғ оранд. Аъзои ҳизби мамнӯъшудаи ҲНИ ва думравони онҳо бар зидди сиёсати кунунии ҳукумати кишвар садо баланд карданд, маҳз аз ҳамин тоифаҳоянд. Зеро чашми ҳақбин надоштану бахилӣ ва кинаву кудурат доштани онҳоро ҳамагон чашмдор буданд. Ин нафарон кистанд? Онҳое ҳастанд, ки замоне дар сояи давлат барои таҳсил кардан ба хориҷа рафтан ва имрӯз побанди ақидаву равияҳои ғаразона доранд.  Агар онҳо бегуноҳ бошанд, пас чаро дар мулки ғариб бегуноҳии худро исбот менамоянд. Биёянд ба Ватани худу назди халқ барои амалҳояшон ҷавоб гӯянд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа ақидаву равияҳои мухталифи ғайриқонунӣ роҳ ёфта, бахше аз ҷавононро зери таъсири худ гирифтанд. Онҳо мехоҳанд ба ҳар роҳу васила ин нерӯи созандаро ба манфиати худашон истифода бурда, ҷавонони кишварро ба корҳои номатлуб ва носолим даъват намоянд. Бадбахтиаш он аст, ки дини мубини Исломро бар манфиати гурӯҳиву шахсӣ истифода мебаранд. Мо бояд дастҷамъона бар зидди ин қувваҳо мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо беҳуда умри азизи хешро қурбони дасисаҳо кунанд. Онҳоро тавре тарбия намоем, ки Ватанро чун модари худ эҳтиром намоянд. Ва ҳар пора санги онро чун дурру гуҳар донанд.

Боварӣ дорам, ки ҷавонони банангу номуси диёр дар ин роҳ мавқеи мустаҳкамро интихоб карда, дар пойдевори кохи мӯҳташами амну амонӣ ва фардои кишвар заминаҳои мустаҳкам мегузоранд.