Мо, устодони кафедра истиқбол аз он мекунем, ки ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳайати баландпояро ба ин нишаст фиристода, бо баромадҳои пурмӯҳтавои худ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки ба  ин гуна нишастҳо, ки аз қадру манзалати инсон дар ҷомеа ҳимоя мекунад, намояндагони ташкилотҳои террористӣ даъват нашаванд. Махсусан дар арафаи ин нишаст сарҷамъ шудани нерӯҳои мухолифини мамлакат - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон моро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳар вақта дида бомасъули воқеъияти ҳолро ба аҳли ҷомеа расонем. Махсусан суханронии Илҳом Ёқубов, роҳбари ба ном Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ моро ба риққат овард. Ӯ дар баромадаш аз нақзи ҳуқуқҳои шахрвандон ва маҳдудият ба рӯзноманигорон сухан кард, ки хатои маҳз аст. Зеро дар кишвар ВАО ба сурати умум рушд ёфта, сол то сол теъдоди нашрияҳо ва телевизиону радиҳо меафзояд. Барои рушди касбии рӯзноманигорон имкониятҳои фарох дода шудааст. Мо суханони як нафари гурезаи тоҷикро, ки манфиатҳои шахсиашро аз манфиатҳои давлат боло мегузорад маҳкум менамоем ва мегӯем дар Тоҷикистон ба нафарони кинаҷӯву адоватпарвар роҳ нест.

Тайиба Бобоева, номзади илмҳои суханшиносӣ, муди кафедра,

Муътабар Ғозиева, номзади илмҳои таърих, дотсент

Зафар Раҳмонов, номзади илмҳои суханшиносӣ, дотсент