Таи солҳои  охир роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ бо  муроҷиати худ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон худро чун “қосиди сулҳ” нишон дода истодааст. Чунин рафтори онҳо вақтҳои охир маълум шуда бо барномаҳои якрангу бемантиқи худ дар назди мардум баромадҳо намуда истодаанд.

Дар суханронии худ бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар нишасти САҲА, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон оғоз шуд, Муҳиддин Кабирӣ ҷангҳои дохилаи кишварро бар дӯши собиқ коммунистон ва дигар манфиатхоҳон дониста, қайд намуд, ки нерӯҳои ватандӯст, истиқлолхоҳ ва озодандеши кишвар, шахсиятҳои миллӣ ва оммаи мардум ин падидаро бо шодиву фараҳ истиқбол карданд. Ман нафаҳмидам, ки “нерӯҳои ватандӯсту истиқлохоҳон ва озодандеши кишвар” гуфта ҷаноби Кабирӣ киро дар назар дорад. Агар Сайидабдуллоҳи Нурӣ, Тоҳирӣ Абдуҷаббор ва дигар “шахсони таърих”-и  истиқлолиятро сохтаанд, пас чаро касе онҳоро дар хотир надоранд.

Маҳз ҳамин “пирӯзии дерҳангом”  бо айби наҳзатиҳо дер ба самар овард. Чаро Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии хеш ҳарфе аз хоҷагони худ нагуфт. Чаро қайд накард, ки Аёмиддин Сатторову Сайидқиёмиддин Ғозӣ нисбати онҳо “тӯҳмат” заданд. 

Кабирӣ борҳо дар баромади хеш аз “нақши таърихи”-ии Иттиҳоди опозитсиони тоҷик ҳарф зада, сулҳу ваҳдатро моли наҳзатиён донист. Кабирӣ дар  ин бора низ сухане лаб во накард. Ба Кабирӣ ва дигар  иттифоқчиёни нави онҳо гуфтанием, ки офарин ба он давлатҳое, ки ба халқи тоҷик, миллати тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати азияткашида бовар карда  сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд.

Роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ кадом вазъи Тоҷикистонро номуносиб, ғайриқонунӣ, ғайриахлоқи ҳисобида имрӯз мардумро боз ба шӯр андохтанӣ мешавад. Ӯ босмачиёнро, ки оғози асри 20 ба куштори мардум даст зада буданд, инсонҳои ватандӯсту миллатпараст унвон карда, ҳарфе аз аввалин инсонҳои бавиҷдони хату саводи бесаводонро бароварда нагуфт. Пас маълум, ки ӯ низ аз ҳамон босмачиён беш нест.  Ба Кабириву кабириҳо гуфтанием, бас нест, тафриқандозӣ, бас нест магар он хунрезиҳои мардуми бегуноҳ, ятим мондани фарзандон, бева мондани гуларӯсон, бе саробон мондану доғи фарзанд дидани падару модарон. Кадом шахсият ва кадом ҳизбҳо барои зиндагии хушбахтона муқобилият карда истодааст, агар як-ду нафар онҳое, ки ҳоло ҳам чашмашон дар хоб асту ин зиндагии осудаву ободро дида наметавонанд ва бемансаб мондани баъзе намояндагони ҲНИ набошад, дигар ҳама аз ин ҳаёти хушу хуррам ободу осудаи мамлакат шоду масрур бо меҳнати ҳалол зиндагии худро ба пеш бурда истодаанд.

Ҳанӯз аз оғози таъсиси собиқ ҲНИ давлату миллати тоҷик ягон эътирозе надошт баръакс бовар дошт, ки ин ҳизб низ дар қатори ҲХДТ барои манфиатҳои мардуми кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт, касе ҳатто фикр намекард, ки онҳо дар ниқоби ислом ҳар гунна ҳаракатҳои ифротию терористи байни мардум ташфиқот мебарад. Боадолатона рафтор намудани Ҳукумати Ҷумҳуриамонро бинед, ки ба онҳо баъди ба имзо расидани сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ  бовар карда вазифаҳои гуногунро ба дӯши эшон супориданд. Лек боиси таассуф аст, ки аксарияти онҳо ба Ватан хиёнат карданд мисоли воқеаҳои сентябри 2015 бороҳбарии ҷонишини вазири мудофиа генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашон, ки ҳамаи онҳо аъзои собиқ ҲНИ буданд.

Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст қариб тамоми  аҳолии Тоҷикистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Қисми зиёди онҳо дар мазҳаби Ҳанафия мебошанд, ки наздик 1300 сол боз саҷда мекунанд. Аммо як нуқтаро низ мехоҳам ёдовар созам, ки мо миллатгарои намекунем, ҳамаро бо як чашм назар менамоем, на ин ки дар байни мардум  иддаои миллатҷудокуниро қасд менамоем.

Давоми солҳои охир як зумра аз аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, имрўз он ҳамчун ташкилоти терористию экстремистӣ эътироф гардидааст, ки рафтори ношоиста, кирдори ифротгароёна, фаъолияти ҷудоиандозиро пеша намуда, вазъи оромии ҷомеаро халалдор мекарданд. Кирдори ношоистаи худро хостаанд дар миллате, ки дар он ҷо зиндагӣ доштанд, амалӣ намуданд.

Имрӯз бошад, М.Кабирӣ дар чунин як конфронси «баландпоя»-и САҲА дар Варшава аз худу ҳаммаслаконаш дифоъ менамояд. Гуноҳи нобахшидании худу аъзоёнашро маҳкум намуда, иддао дорад, ки ин воқеаҳо маҳсули дасти мақомотҳое ҳастанд, ки барои давлат кор мекунанд. Як бор инсон пеш сухан гуфтан бояд ҳамаҷониба андешад, зеро он тӯҳмате, ки ӯ алайҳи мардуми мо карда истодааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нест, сӯхтан осон, аммо сохтан хеле душвор аст, ин миллатро ба душвории бениҳоят хос ба озодӣ баровардаанд, чаро бояд онро ба вартаи нобудшавӣ  оварда расонад.

Дилрабо Комилова, мудири кафедраи химия ва технологияи хӯрока,

номзади илмҳои ҳимия