Барои тамоми мардуми ҷаҳон, бахусус сокинони Осиёи Марказӣ маълум мебошад, ки Ватани мо аз қадимтарин сарзамини биҳиштосо буда, таърихи беш аз даҳҳазорсола дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ олимону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ кишвари моро дорои марказҳои илмию тиҷоратӣ ва сарзамини ободу осуда тавсиф намудаанд. Дар чунин рӯзҳои барои халқ таърихӣ, ки пас аз тантанаҳои бузургу оламшумули ҳамоиши сарварони давлатҳои СҲШ падидаҳои номатлуби гурӯҳбозону ҷаҳолатпешагон, ки мехоҳанд, ватани моро низ ноором созанд, ҳамаро ғамгин кард.

Бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бисёр ҳизбу ҳаракатҳо– «Хизбут-таҳрир», равияи «Салафия», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ихвон-ул муслимин» (Бародарони муласмон» манъ гардида буд ва ба наздикӣ фаъолияти «Гурӯҳи 24», пасонтар собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, ки чун ташкилоти ғайриқонунӣ ва ҷудоиандозу экстремистӣ амал мекард, манъ карда шуд ва фаъолияташ қатъ ва ғайриқонунӣ эълон гардид. Роҳбарони чунин гурӯҳу гурӯҳчаҳо, ки табиист, одамони манфиатхоҳе дар берун аз кишвар истода, мехоҳанд, дар дохили мамлакати орому осуда бетартибиҳо ба вуҷуд оваранд ва ё симои давлати моро дар арсаи байналмилалӣ дигаргуна намоиш диҳанд. Маълум аст, ки ин фамонбардорони хоҷагони беруна Кабирӣ ва чандин назҳатиҳои ба гуфти худ «босмачиёнанд», ки барои бетартибиву ҷангу разолат бинои ҷангу ҷудоиандозиро миёни мардум ба роҳ монда истодаанд.

Имрӯзҳо тарғибгарони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом низ ба ақидаҳои ноустувор, зидди ваҳдату ҳамзистии осоишта баромад карда, дар маҳалҳо одамони камсаводро гумроҳ карда алайҳи якдигар таҳрик намуданд. Дар боло мо бесабаб ҳодисаву воқеаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи  гурӯҳи ватанфурӯфши  назҳатиҳоро наовардаем. Зеро мақсаду мароми ҲНИ низ бо роҳи ҷанг ва хунрезӣ ба даст овардани ҳокимият аст ва онҳо зимнан ба ин тайёрӣ дида буданд. Мардум, ки ба ин ҳеҷ гоҳ розӣ набуданд, мақомоти дахлдор аз нақшаи ғаразноконаи онҳо бохабар шуда, зуд ин ҳадафи онҳоро  решакан намуд.

Дар асл роҳбароне, ки дар шаҳру навоҳиҳо садорати ин ҳизби терористиро идора менамуданд, ҳамроҳи Кабирӣ аз тарси он ки зиндонӣ мешавад, тарки диёр намуданд. Имрӯз бошад, худро дар паси он хоҷагони «бузургашон» қарор доранд. Умеди калон доранд, ки фармонбардорӣ кунанд, кабириёнро шоҳи замон мекунад.

Кабирӣ бо чанде аз намояндагони «оқилу донояш» тасмим гирифта, дар нишасти конфронси солонаи САҲА бо ормонҳои зиёде ширкат намудаанд. Кабирӣ бо «дилсӯзии худ ба ҳамватанонаш» аз минбари конфронс истода, дар як баромадаш моро ба Истиқлолияти давлатиамон табрик намудааст ва «бечораи Кабирӣ» аз вазъи мардуми Бадахшони изҳори «нигаронӣ» кардааст. Аниқтар баён кунам барои эҳтироми волои мардум ба Пешвои миллат нафрат карда, бо чашми ҳасуд нигаристааст инчунин дар баромади дуюмаш гуфтааст, ки ӯ давомдиҳандаи босмачиён аст ва ҳар ҳадафи доштаашро амалӣ мекунад, ки дар ҳамин ҳолат шармандагии Кабириро дар созмон касе пешгири карда натавонист, ҳатто ҳамон хоҷагонаш низ.

Пешвои миллат дар Бадахшон бо баробари сафари кори анҷом додан бо масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти судманд оростанд, ки ҳамаи ваколатдорон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ҳиммат бубастанд. Дар ҳақиқат тавассути шабакаҳои хабарӣ огаҳи пайдо намудем, ки бисёре аз ҷинояткорони ҷонибдорони наҳзатиҳо то ҳол дар хонаҳои худ олотҳои ҷангиро маҳфуз нигоҳ медоштаанд. Ҳаққо, ки Пешвои миллат суоли мавридии беҷавоб доданд ба масъулини вилоят: «Ҳамаи ин ба хотири чи истодааст ва бар зидди ки истифода мешавад».

Бо итминони комил мегуям, ки минбаъд мардуми Бадахшон низ аз паи тоза намудани чунин ифлосиҳо гашта, ҷомеаро аз хатарҳои бесарусомони раҳои хоҳанд кард, зеро бо чунин тадбир метавон пеши роҳи ҳар гуна  амалҳои нопоки нафарони хатарнокро гирифт ва миллатро аз чунин олудагиҳо эмин нигоҳ бояд дошт.

Маърифат Мавлонова, котиби масъули нашрияи «Меҳвари дониш»-и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд