Ватан. Дар таҳти ин калимаи кӯтоҳ чи маънии бузурге ниҳон аст. Аввалан, бе ягон шакку шубҳа  ин вожа барои ҳар инсон азизу муқаддас аст. Сониян, бо вуҷуди он ки ин вожа ба ҳар кас шинос ҳаст ва аксарият бар онанд, ки ин вожа маълуму маъмул ҳаст ва ба тавзеҳу ташреҳи иловагӣ эҳтиёҷ надорад, лек ба фикри банда он барои ҳар як инсон дар худ як чизи комилан шахсӣ ва маҳз ба ин шахс хосро ниҳон дорад.  Дар баёни ин чизи соф шахсӣ ба таври мушаххас, одатан, ҳар кас танқисӣ мекашад, лек ҳангоми посух додан ба саволи «Ватан чист?»  маҳз тавассути он мехоҳад, ки тамоми  маъниҳое, ки ин вожа дар худ таҷассум мекунад,  фаро бигирад. Ватан-модар, ватан-зодгоҳ, ватан ҷойе, ки он ҷо иқоматро ихтиёр кардед, ватан сар мешавад аз гаҳвора аз зумраи кушишҳое ҳастанд, ки барои ба умқи маънии ин вожа расидан, баён шудаанд.

Муҳаббат ба ватан. Дар таҳти ин ибора маънии боз бузургтаре ниҳон аст. Аввалан бояд гуфт, ки меҳру муҳаббат ба ватанро бо сухан наметавон тасвир кард, бо чашми сар наметавон дид, бо нидоҳои осмонхарош наметавон шунид.  Қатрае аз онро бо корҳои амалии бузург, ки баҳри ободии ватан пиёда мегарданд, метавон арза кард. Қатраи нисбатан бузургтарро аз он бо ҷонсупорӣ, бале бо ҷонсупорӣ баҳри беҳбудии ватан метавон нишон дод. Лек, дар умум, муҳаббат ба ватан аз ин гуфтаҳо болотару волотар аст. Вайро ҳар кас ба таври ба худаш хос фақат ҳис метавон кард, тавре ки кудаки нав ба дуне омада, ҳаетро ҳис мекунад. Муҳаббат ба ватан дар овони кӯдакӣ дар ҳар шахс зуҳур мекунад ва бо мурури замон, бо гузашти солҳо шахсро тадриҷан тасхир мекунад, тадриҷан тобеъи худ мегардонад, ва ниҳоятан дар қалб маскан мегирад ва тавассути рагҳои хунгард тамоми ҳастии инсонро фаро мегирад. Зиеда аз ин муҳаббат ба ватан бо ҳаво дар фазои ватан дармеомезад ва чун онро ҳар сония нафас мекашем, муҳаббат ба ватан ҳар замон зиеда мегардад. Муҳаббат ба ватан бо обҳои софу зулоли чашмасорони ватан низ дармеомезад ва чун аз ин обҳо ҳар замон қатрае нӯш мекунем, муҳаббат ба ватан ҳамоно мефизояду мефизояд.

Ибтидои солҳои навадум. Ин солҳо барои насли мо бо анҷоми таҳсил дар макотиби олӣ, бо солҳои ширинтарини ҳаёт, ки онҳоро дар умум ном ҷавонӣ аст, тавъам омаданд. Ҳаводису воқеоти пурошўбу харобиовар,  пурҳангома ва дар ниҳоят комилан бемаънию бемақсуд ва иғвоангезу нафратовар аз чор тарафи дунё ба болои «ватан» мерехтанд.  Душанбе -зеботарин шаҳр аз шаҳрҳои зеботарини дунё, ҷавонтарин шаҳри ҳама давру замон, сабзтарин шаҳри олам, шаҳри маҷнунбедҳо, шаҳри ошиқон, шаҳре, ки дар он Лоиқи бузург иқомат дошт ва бо эҷоди ашъори дилошуби худ машғул буд, ба вайрона мубаддал гашт. Едоварӣ аз Душанбеи онвақта, имрӯз барои ҷавонҳои он давра ба фикрам то андозае ҳузнангез аст, ки ашкҳои дида беихтиер ҳамчун дарёчаи Душанбеи имрӯза сарозер ҷорӣ хоҳанд шуд. 

Ин гуфтаҳои пурсӯзу гудоз нисбати ватан, муҳаббат ба ватан ва ҳамзамон ёдоварӣ аз он солҳои даҳшатангез фақат ба хотири он аст, ки ҷавонҳои имрӯза бояд ҳимояи ватан ва муҳаббат ба ватанро  аз волотарин хислатҳои инсонӣ бидонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи  ҳар гуна ҳангомаҳо ва ташкилотҳои гуногуни сиёсӣ нашаванд, то ватани биҳиштосои худро дар вартаи ҳалокат нагузоранд. Баръакс, ватанро муқаддас шуморанд ва пайваста дар такопуйи равнақи он бошанд. Бояд зикр кард, ки махсусан дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ба он ворид гаштааст, зиракии ба маротиб аз пеш зиёдтарро аз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон тақозо дорад.  Таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ мазмуни нави ҳаётан муҳимро пайдо кардааст. Аз расонаҳои хабарӣ пайваста иттилоъ мегирем, ки  имрўз инсоният бо хатарҳои нав ба нав, мушкилотҳои вазнинтар рў ба рў шуда истодааст, ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ зиёд шуда истодаанд. Инчунин, бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои абарқудратро низ дар ин ҷода набояд нодида гирифт, зеро маҳз ин бархурдҳо   барои давлатҳои нисбатан хурдтар хатарҳои гуногунро ба миён оварда истодаанд. 

Бинобар ин, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он, ки то кунун ва ҳоло ҳам қисми ҷудонопазири  сиёсати давлатӣ маҳсуб мешуд, минбаъд бояд дар андешаи ҳар яки мо, махсусан ҷавонон ҷуқуртар ва дақиқтар реша давонад.

Акнун – пас аз гузаштани солҳо аз он лаҳзаҳои даҳшат ва ба даст овардани муҳимтарин ва аввалин  комёбиҳои бузург метавонем, чунин хулоса кунем: Давраи давлатсозӣ аллакай паси сар шуд, давраи  давлатдории мустақилона фаро расид, минбаъд бояд ташаккули иқтисодиёти миллиро пеш гирифта, бо густариши муносибатҳои бозоргонӣ  ватани азизи худ Тоҷикистони биҳиштосоро дар қатори давлатҳои муттараққӣ ҷой диҳем.

Ояндаи Ватан. Ман мутмаинам, ки дар ояндаи на чандон дур:

Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Ватан, ки қисми зиеди масоҳати ватанро ишғол кардаанд, на фақат ҳамчун рамзи сарбаландии миллат боқӣ хоҳанд монд, балки сайёҳҳони тамоми дунеро ба худ ҷалб хоҳанд кард, дар заминаи онҳо бизнес туризм  ривоҷу равнақ ефта, ба авҷи аълои худ хоҳад расид. 

Рӯдҳои шуху пурталотуми кӯҳии Ватан, ки аз ин қӯҳҳо човидона сарозер ҷорианд, на фақат мавриди ташбеҳҳои шоирона дар шеърҳои ошиқона, дар ашъори шоирони  Ватан қарор хоҳанд гирифт, балки бо назардошти тавоноии бепоёни гидропотенсиалии худ ба манбаи бузурги рушноӣ ва гармӣ  табдил хоҳанд ёфт ва аз марҳамати бузурги онҳо кишварҳои дуру наздик равшан гашта, дар фаслҳои сард гарм хоҳанд шуд.

Кулҳо ва чашмаҳои софу беғубор, гарму хунук, табииву сунъӣ, ки дар доманаи ин қӯҳҳо  дар пастиву баландиҳои гуногун мавқеъ гирифтаанд,  на фақат дар асарҳои нависандагони ватан мавриди таҳлилҳои маҷозӣ қарор гирифта, ҳамчун макони иброз кардани  орзуҳои ширини ошиқонаи ошиқу маъшуқ ба қалам дода хоҳанд шуд, балки ба манбаи бузурги обҳои ошомиданӣ табдил хоҳанд  ёфт ва аз ин манбаъҳо на фақат кишварҳои ҳамсоя, балки кищварҳои дур низ истифода хоҳанд кард.

Сангҳои қиматбаҳо, тиллову нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок, ки дар каъри дили ин қӯҳҳо ниҳонанд ва бо сабаби аз нигоҳи таърихии қарнҳо, хеле ҷавон будани ин кӯҳҳо пурра омӯхта нашудаанд, на фақат мавриди баҳсҳои ғайрирасмӣ ва ғайрикасбӣ дар тахайулоти миллат боқӣ хоҳанд монд, балки дар заминаи онҳо саноати тавонои кӯҳӣ- металлургии  ватан таъсис ёфта, ривоҷу равнақ хохад ёфт.

Ҳар яке аз гуфтаҳои боло  худ як манбаи бузурги даромад буда, ҳар яке аз онҳо метавонад Тоҷикистони азизро, ки на зиёда аз 8 млн аҳолӣ дорад, дар қатори бойтарин давлатҳои дунё ҷой диҳад.  

Таҳияи Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд