Имрӯзҳо ҳодисаи дар қаламрави ноҳияи Данғара рухдода мағзҳои бедори миллатро ором намегузорад. Тоҷикистони орому босуботро дар ин рӯзҳо як боди ноамнӣ қариб буд ба гирдоб печад. Қотиле чанд, ки акнун мансубият ва ҳуввияташон маълум шудааст, бо кор гирифтан аз амалҳои тарҳрезишудаи террористӣ ҳамла ба ҷони сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Амрикову Аврупо карданд, то обрӯи байналмилалии кишвари маҳбуби моро резанд, талошҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллатро пеши чашми ҷаҳониён хира созанд. Бехабар аз он ки Тоҷикистон мардони бедору нерӯи басиҷ ва пуртаҷриба дорад, ки дар замони кӯтоҳ ҳар гуна талоши бенизом кардани ҷомеро хунсо ва омилонашро боздошт мекунанд.

Ба ақли инсонӣ рост намеояд, ки чанд тани аз дину оин бехабар дар рӯзи равшан даст ба қатли афроде мезананд, ки ба орзуи тамошои  Тоҷикистон офтобманзар омадаанд, то аз табиати нотакрори он ва мардумони меҳмоннавозаш бо худ хотироти хуш баранд. Дар соле, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст, роҳандозӣ кардани чунин амалиётҳои хасмона душмание ба миллат ва кишвари маҳбуб беш нест.

Ҳоло ки ин сатрҳоро менависем, мебинем, ки ҳуввияти ин террористон маълум шудааст. Мо акнун медонем, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боз ба як амали ҷинояткоронаи нобахшиданӣ даст задааст ва ин амали ноҷавонмардона аллакай ҷони ҷанд нафарро гирифт. Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сари вақт даст ба амалиёт намезаданд, кӣ медонад ин хуношомон боз даст ба кадом кирдорҳо намезаданд.

Дар аввал гумони ҳама бар ин буд, ки дар ҳақиқат ин кори ДОИШ аст, чун расман эълон кард, ки сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистоонро маҳз бо дастури ин созмони террористӣ куштаанд. Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мӯйро аз хамир ҷудо карданд ва маълум шуд, ки кори дасти ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки сарварону фаъолонаш ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд. Гузашта аз ин афроди даст дошта дар ин амали террористӣ таҳсилкардагони Эрон буда, дар он кишвар омӯзиш ҳам дида буданд. Инро роҳбари ин гурӯҳ Ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дар филми «Гирдоб» тасдиқ кардааст, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, амали террористиро бо супориши узви фаъоли Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Қорӣ-Носир иҷро карда шудааст. Онҳо пас аз содир намудани ҷиноят мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992  узви фаъоли ТТЭ ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад. Ӯ бошад, дастури шахсии Муҳиддин Кабириро гирифтааст. Тавре ҳамсари Носирхӯҷа Убайдов тасдиқ кард, шавҳари ӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ карда, онҳоро дар чорраҳаи зиндагӣ танҳо гузошт ва бо ашки шашқатор ба чунин «Худотарс» лаънат хонд.

   Аз филм маълум гардид, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони ваҳдатшиори Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд.

 

Маҳинбону Неъматуллоева,

омӯзгори калони кафедраи химия ва технологияи хӯрока