Тоҷикистон  макони инсонҳои сулҳ ва меҳнатпарвар мебошад. Худ қазоват намоед, ки тӯли 28 соли Истиқлолият мо ба чӣ гуна муваффақиятҳо ноил гардидем? Новобаста аз бӯҳрони иқтисодие, ки аксари давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба соҳаи маориф, тандурустӣ диққати махсус дода ирсоли маблағро ба ин соҳа зиёд карданд.Он ободкориҳое, ки мо дар шаҳру ноҳияҳо мебинем, касро ба ҳайрат мегузорад. Бесабаб нест, ки миқдори саёҳон аз хориҷа ба дараҷае зиёд шуда истодааст.

Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Афсӯс, ки ҲНИ аз ин масъалаҳо дур рафтааст ва ӯ танҳо дар хаёли ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро нотинҷ кардан мебошад, лекин халқи тоҷик дигар фиреб хӯрдан намехоҳад, зеро ки дарси солҳои 90-ум дар хотираи мо мебошад.

Ба ҳамаи ин пешравиҳо нигоҳ нокарда, ТЭТ ҲНИ дар солҳои охири фаъолияти худ, дар сафи худ шахсонеро ҷамъ намуд, ки ин пешравиҳоро дидан намехоҳанд. Албатта, дар кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барояшон нафоридаву дигар роҳи таъсиррасониро наёфта зӯрашон танҳо ба силоҳу аслиҳа расидааст. Гарчанде, ки гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ то имрӯз ҳар гуна амалҳои ношоистаро ба анҷом расонида бошанд ҳам, то ҳол инсонҳое ҳастанд, ки мафкураи нопоки онҳоро маҳкум намуда, барои сулҳи ватан мекӯшанд ва бо якзабони эътироф менамоянд, ки «Ифротгарои оини тоҷикон набуд ва минбаъд низ нахоҳад шуд». Онҳо мехоҳанд, ки динро ба давлат омехта намуда, қоидаву қонуниятҳои асримиёнагиро ҷорӣ намоянд. Хусусан занҳо бояд аз ҳама намуди фаъолноки маҳрум карда шаванд. Мо хуб медонем, ки дар давлатҳои ба ном “исломӣ”ҷамъият дар чи ҳол аст. Зеро исломи он нохалафон исломи худсохта, дар ниқоби разолат аст. Конститутсияи кишвари  мо равшан муайян намудааст, ки дин аз давлат ҷудо мебошад. Ҳар касе, ки мехоҳад тоату ибодатро адо намояд ва онҳоро давлат дастгирӣ менамояд.

Мо мардумони тоҷик дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки ҳатто замони шӯрави ҳолат чунин набуд.

Хоса мо шаҳрвандони Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамонро ҳаматарафа дастгири намуда, дар гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон ҳиссаи босазои хешро хоҳем гузошт.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд