Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст.  Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

 Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро мусалмонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва мутааллиқоти динӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем.

Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.

Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

Ҳамон вақт модар сари гаҳвораи кӯдак аллаи ширадор мегӯяд, агар хотираш ҷамъ бошад.

Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, агар ба фардои дурахшон боварӣ дошта бошад.

Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд.

Ҳамаи ин корҳо беширкати дастаҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб ва баборорандаи аламу дард, аз байн бурдани мутаассиботи динӣ ва мазҳабӣ дастрас нахоҳад шуд.

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд.

 

Барои рақобати солими сиёсӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд. Роҳбарону масъулони ин ҳизбҳо мекӯшанд, бо барномаву дурнамои мукаммали худ тарафтодорони худро зиёд намоянд. Яъне, муборизаи солими сиёсиро аз ин интихобот то интихоботи дигар пеш мебаранд. Дар кишвари мо низ аксари ҳизбҳо маҳз аз чунин шеваи корбарӣ истифода мебаранд. Натиҷаи плюрализм ва имконияти баробар додан барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ буд, ки то соли 2015 дар кишвар 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият мебурд. Ҳар кадоме аз ин ҳизбҳо бо барномаи пешазинтихоботии худ вориди рақобат гардид. Натиҷаи интихобот маълум намуд, ки на ҳамаи ҳизбҳо миёни омма маҳбубият доранд. Махсусан масъулони ҲНИТ ҳеҷ гумон надоштанд, ки чунин овози пастро соҳиб мешаванд. Муҳиддин Кабирӣ ва кормандони дастгоҳашон умедвор буданд,ки лоақл 3- 4 нафарашон аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба парлумони кишвар ворид мешаванд.Аммо тарбуз аз бағал афтид...

Ва оғоз шуданд нақшаҳои “Б” ин ҳизб, ки дар сурати пирӯзӣ нашудан мехостанд дар кишвар нооромиҳоро ба вуҷуд оварда, ба ин васила давлати исломӣ бунёд намоянд.   

Сентябри соли 2015 як гурўҳи муайян хостанд дар Тоҷикистон низ ҷанг сар занад ва бо роҳбарии бевоситаи размандаи Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик, собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат генерал – майор Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, вале ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Тибқи баёноти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сари ин ҳама амалҳои нопок раиси ҲНИТ М.Кабирӣ меистад. ҲНИТ аз замони таъсисаш барои  бунёди ҷомеаи исломӣ, ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ, кўшиш кард. Аммо тираш хок хўрд. Ин вазъи номатлуб бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад. 

Дар натиҷаи ҳамин мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИТ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҲНИТ барои сиёсинамоии мафкураи динӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, онро пурзўр мекард.

Дар натиҷа дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чаласавод пурзўр гардида, ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пўшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИТ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИТ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИТ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 26 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Кишвари соҳибтамаддуну бофарҳанг, сулҳпарвару бунёдкори тоҷик зиёда аз 27-сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафаси тоза мегирад. Мо худ бо чашми дил дида истодаем, ки кишварамон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ва ҳама бо шукргузорӣ паи меҳнати ҳалоли худ  ҳастанд. Кушода шудани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон худ як дастоварди бузурге ҳаст, ки ҳар ду ҷониб аз ин иқдом хушҳолӣ мекунанд Мусаллам аст, ки ин ҳама пешравиҳоро душмнони лаин чашми дидан надоранд. Онҳо аз ин ободию пешравӣ дарун дарун сӯхта, аламашонро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебароранд. Яъне, бо ҷузитарин камбудиҳо мехоҳанд халқро ба гирдоби бало ва ҷангу хунрезӣ кашанд. Махсусан саркардаҳои онҳо Кабирии худхоҳу манфиатҷӯ ҳамарӯза аз хоҷаҳои худ супориш гирифта, онро ба «ёрон»- содиқаш мерасонад. Маҳз ҳамин нафарон ба вусъатёбии терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ вусъати тоза мебахшанд.  Онҳо бо истифода аз нооромиву низоъҳои олам истифода бурда,  мехоҳанд ангезаи ҷангҳои Сурияву Ироқро ба Тоҷикистон кӯчонанд.

Мақсади ниҳоии онҳо бунёди давлати исломӣ дар кишварамон аст.  гуногун мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карданд: «Терроризм ва эстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда,  аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Гурӯҳҳои эстремистию террористӣ бештар ҷавонони камтаҷрибаю гумроҳро бо ваъдаҳои дурӯщин, пулу мол ва зиндагии серу пур ба дом андохта,  ба мақсадҳои нопок истифода мебаранд.

Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Мо, устодон амалҳои зишту номатлубро маҳкум менамоем. Ҷавонро дар руҳияи бифтихори баланди миллӣ тарбия менамоем.

Устодони кафедраи дизайн ва меъморӣ

 

 

Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафшон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки нооромиҳои ҷаҳони имрӯза, хатари таҳдидҳои терроризму экстремизм, раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо ба амнияти баъзе аз кишварҳо халали ҷиддӣ ворид сохта истодааст. Ва Тоҷикистон чун мамлакати сулҳхоҳ дар сиёсати давлатдориаш натанҳо ин гуна амалҳоро маҳкум мекунад, балки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки дар муқобили ин гуна қувваҳо дастҷамъона муборизаи беамон барад.

Ба андешаи Пешвои миллат танҳо якдиливу тифоқии мамлакатҳои ҷаҳон, баланд будани дониши сиёсӣ метавонад бар муқобили ин вабои аср истодагарӣ намояд.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

Мутаассифона, солҳои охир бо ҷурми ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтиаш он аст, ки аксаран тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва бо худ зану шавҳрашонро низ мебаранд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят миллату давлат мегардад. Шумоён зиёд наворҳоеро дидаед, ки ҷавонони мо аз ин роҳи интихобкардаи худ пушаймонанд ва як каф хоки Ватанро беҳтар аз симу зари  ваъдагии хоҷагон донистанд.

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Баръакс бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳон нурпошӣ хоҳад кард.

 

Ҳизби террористиву ва экстремистии ҲНИТ имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ дар саҳифаҳои махсус худро орӣ аз гуноҳҳо гирифта, бо навиштаҳои муғризонаи хеш мехоҳанд, ки тарафдорони худро зиёд намоянд. Аммо ин кӯрдилони миллаткуш намедонанд, ки мардум дигар ба ваъдаҳои «болохонадор»-и онҳо бовар надоранд. Ва ҳар он амале, ки онҳо гӯиё барои фардои миллат мекунанд, баръакс ангезаи душманиро нисбаташон қавитар месозад. Ин нафарон дар шароите ҷанги иттилотӣ бурда истодаанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари терроризму экстремизм ба ташвиш овардааст. Имрӯз дар кишварҳои гуногуни дунё даҳҳо гурӯҳи террористию экстремистӣ амал мекунанд, ки бо таҳрибкорӣ боиси бадбахтии миллионҳо нафар гаштаанд. Зеро ин зотҳои касиф барои ноил гардидан ба мақсаду ниятҳои нопок аз ҳеҷ гуна ҷаҳолату қабоҳат рӯ наметобанд ва ҳатто ба кӯдакон ва занону барҷомондагон раҳм намекунанд. Як шохаи фаъолияти ин нерӯҳои оламкуш маҳз ҲНИТ мебошад. Худ қазоват кунед, онҳо дар пешрафтарин мамлакатҳои Аврупо бо пулҳои ҳангуфти хоҷагони бегона зиндагии шоҳона доранд ва рисолаташон як аст. Сари компютер нишастану иғвову дасиса бофтан аст.

Мо, духтарони хушбахти диёр шукронаи ободиву озодии миллатамонро мекунем.

Шукр мекунем, ки  барои мо, духтарон давлат  беҳтарин шароитро муҳайё кардааст. Дар бонуфузтарин муассисаи олии кишвар таҳсил дорем. Устодонамон низ мисли мо ифтихори баланди миллӣ доранд ва дар ҳар машғулиятҳо талқин мекунанд, ки роҳи дурусти зиндагиро пеша намоем. Зеро ин миллат ва  ин кишвар аз имтиҳони сахту сангин давраи ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст. Ва мо насли даврони соҳибистиқлол он ҳама рӯзгори сияҳи падарону бобоёни худро шунида, дар назди худ мақсад гузоштем, ки ба чунин нафарони сияҳдилу  кинаангез муборизаи беамон барем. Мо бояд ба ин давлат хизмати содиқона намоем. Хизмати мо аз чӣ сар мезанад? Аз дӯстдорӣ ва муҳаббати беолоиш ба обу хоки диёр.

Боқӣ ҳар амали носипосонро маҳкум мекунем.

Аъзоёни Созмони духтарони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

  Исломи асил саршори талқини баробарию бародарӣ, сабру таҳаммул, кумаку ёрӣ, дастгириву ёрии моддӣ расонидан ба камбизоатон, бенавоён, барҷомондагон, ятимон,  беморону маслуқон, худдорӣ кардан аз амалҳои зишт, куштор, сухани бомаънӣ гуфтан, нигоҳ доштан аз фаҳш, ғазаби худро фурӯ бурдан, иборат аст.

 Сухани нек дили инсонро таскин, шӯру ғазабро фурӯ, барои эҷодкори раҳнамо, мусоҳила ва таҳаммулро барпо сохтан ва дили бандаро равшан кардан нақши муайянкунанда мебозад.   

 Имом Муслим ривоят мекунанд, Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: «Дар ҳақиқат, мардеро дидам дар ҷаннат  сайру гашт мекард, он ҳам бошад ба хотири буридани дарахте буд, ки дар роҳ буду ба мардум озор мерасонид».  Биёед аз озори мардум дур бошем!  Озори мардум гуфта чиро мефаҳмем? Сухани дурушт гуфтан, роҳро бо монеаҳо халалдор кардан, ба кӯчаву роҳравҳо чуқуриву ноҳамвориҳоро пайдо кардан аз кӯча ба фоидаи замини худ дароварда роҳро танг кардан ва ҳоказо дохил мешавад.  Барои бартараф кардани камбудиҳои дар боло нишондода худо савоби ҷориро раво донистааст, ки пас аз  рафтан аз дунё ҳам савоби он амалҳои дар зиндагӣ кардаашон расида меистад. Наход инсонҳоро бо фитна, хиллаву найранг ба ҷанатравӣ даъват намуда куштору ғорати чашм надида ва гӯш нашунидаро содир карда  боз онҳоро азият дода ба ҳалокат расонидан ин савоб бошад?  Хариди яроқҳои қатли ом ба нияти куштани гӯё, душман, он душман, кофирон ҳам инсонанд,  савоб бошад? Наход ҳангоми ато кардани инсон ӯро барои ба фирқаҳо ҷудо кардани авлоди худ, ҷангҳои шадид байни қабилаҳову қавмҳо, ҳизбҳои гуногунро баамал оварда байниҳам рақобат карда ба куштору азият додани инсонҳо офарида бошад?   Куҷо шуд созандаги меҳру шавқати дар китобҳои муқаддас интишор шуда? Наход саркардагони ҳизбу ҳаракатҳо ҳамаро гӯлу гумроҳ шуморанд?

Дар Пандҳои пайёмбари ислом Муҳаммад Алайҳиссалом гуфта шудааст «Талаби моли ҳалол ҷиҳод аст»(ҳадиси 23) ё ки «Бидонед: ҷиҳод баҳои биҳишт аст. Ҳар кас барои хештан ҷиҳод кунад, молики нафси худ шавад. Болотарин савоби худо аз касест, ки худро бишносад»(ҳадиси 8).  Худро шинохтан ин пеш аз ҳама нисбати худ ғаюр будан, дар ҳамаи кор нисбати худ серталаб будан. Ҳар корро ба дараҷаи баланд иҷро кардан ва барои иҷро кардан  ба тариқи максималӣ, ҳаддан имкон қувваву имкониятҳои худро дареғ надоштан ва барои ҳар кори фоиданок нисбати худ ва ҷамъият ҳатто ҷони худро дареғ надоштан мебошад. Инсон бояд аз болои хоҳиши нафси худ ҳамеша ғолиб бошад, барои ба даст овардани талаби зиндагӣ нисбати инсон, дар ҳамаи ҷода илм, истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, санъату маданият ва ҳоказо меҳнати пурсамари нафоварандаро ба  тамоми тозагиву покизагиаш дареғ надорад. Ҳамаи фаъолияти ӯ барои офаридани неъматҳои моддӣ, зебогӣ, ёрии беғараз расонидан ба инсонҳо, ҳифз кардани моли худ ва дигарон аз ғоратгарону аҷнабиён, кӯмаи молӣ ва меҳнати расонидан иборат мебошад.       

Мувофиқи аҳодис ва қурон талаби моли ҳалол, меҳнати ҳалолу покиза, зиндагии пок, илм дар ҳар намудаш, талаби ҳаққи худ, ба нобаробариҳо оштинопазир будан ҳатто талаби тозагӣ, бунёдкардани зебогӣ, гирифтани ҳосили баланд аз замин, ба муваффақиятҳои меҳнатӣ ноил гаштан ин худ ҷиҳод аст. Шахсони дар меҳнат, илм созандагиву бунёдкорӣ ба қуллаҳои баланд расидаро, дар давронӣ Шӯравӣ ва дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, қаҳрамони меҳнати сосиалистӣ,  қаҳрамони Тоҷикистон  меномиданд ва меноманд ба истилоҳи ниёгон гирем он шахсон афроденд, ки  дар соҳаҳои худ ҷиҳод карда, яъне барои равнақу ривоҷи ҷамъияту халқи худ ҷони худро дареғ надошта, дастовардҳои илмиву меҳнатӣ ва сиёсатмадории комил нишондода мебошанд. Биёед дур наравем: пас аз истиқлолияти миллиро ба даст овардани тоҷикон  дар Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои гуногун баамал омада мамлакати ҷавони моро ба вартаи ҷанги бародаркуш кашиданд. Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, чуноне дар урфият мегуянд, ҷони худро ба ришта  баста ба нуқтаҳои гармтарини хафнок, ки як тири нохалаф мумкин риштаи ҳаёташро канад,  рафта ба сулҳи комил муваффақ гардид. Ӯ беҳбудӣ, осудагиву оромии халқро ба ивази ҷони худ харидани шуда рафт ва худои мутаол ӯро дар паноҳи худ нигаҳ дошт ва ба сулҳи бебозгашт сазовор гардонид. Ӯ дар ин ҷода ҷиҳод кард, тайёр буд ҷони худро ба ивази оромиву осудагии халқи мӯтабарамон  диҳад. Ҷиҳоди ҳақиқи ин аст! На дар паногоҳ нишаста бо дасти дигарон ғоратгариву бенавоии мардумро бунёд карда пас аз мағлуб шудан мо ин тарз бераҳмиро раво набинетон гуфта будем гуфтан ҷиҳод бошад? Куҷо шуд мусулмонии мо?   Бигзор  шумораи  шахсони  мисли Пешвоямон ҷони худро дареғ надоранда баҳри буҳбудиву осудагии халқ зиёд гарданд! Мо ба он муваффақ шавем, ки шумораи ин гуна шахсон зиёд шаванд, зиндагиву таъмини моддии авлоди инсонҳо беҳтару хубтар гардад.  Наход бар хилофи талабҳои дар махазҳо буда рафтор кардан ин ҷиҳод бошад? Куҷо шуд маърифати исломии мо? Мо он дурдонаҳоро ба чӣ омехта карданием? Ҷавонони дар асри 21 зиндагикунанда дар ин хусус чӣ ақида дошта бошанд?  Оё тарафдорони мамлакати қонуние, ки дар Сурия ба муқобили тӯдаи худро тарафдори Давлати исломӣ тарошанда, мубориза баранда мусулмон нестанд? Барои чӣ мусулмонон байни ҳам меҷанганд?  Замон замонест, ки дар он ҳамаи масъалаҳоро ба тариқи мусолиҳа ҳал кардан мумкин аст?  На давраи торикии асримиёнагӣ ё дурӣ ҷоҳилӣ! Ба фикрам ҳам тарафдорони давлати қонунӣ, ҳам тарафдорони давлати исломӣ ибодат мекунанд, сари худро ба саҷда гузошта ба Худо содиқ будан, аз гуфта ва фармудаҳои вай набаромадан, бузургии қудрати ӯро этироф намуда  бо дил тасдиқ мекунанд ва аз  Парвардигор тинҷиву осудагӣ, моли ҳалол, дури аз фаҳшоният, ба инсонҳо ёрӣ расонидан, ба ҳаммаи инсонҳо инсофу тафиқро талаб мекунанд.  Наход чизҳои мамнӯъро талаб кунанд. Ҳол ҳамин тарз бошад пас барои чӣ ҷанг ва зӯровариро пеша мегиранд? Яроқҳои қиркунандаи инсонро харидорӣ мекунем ва барои нест кардани он истифода мебарем. Чи бо осудагӣ зиндагӣ карда намешавад? Танҳо бо ҷанг ва зӯроварӣ ҷамъиятро ба роҳи рост андохтан мумкин аст?  Дар ҳеҷ махазҳо ин роҳро роҳи ба адлу инсоф оваранда ҳисобида намешавад. Ягон давлати ба қатлу ғорат бунёдгашта пойдор нагаштааст. Таъсири сухан, роҳи тарбия аз зарби яроқ беҳтар аст! Биёед ин роҳро пеша гирем!     

Файзулло Ҷалилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд    

 

 

Мо,  ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол бояд донем, ки имрӯз дар баробари саҳми калони мо дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурӯҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад. Вазифаи ҷонии донишҷӯён, ки аз қишрҳои фаъоли ҷомеа маҳсуб мешаванд, гирифтани пеши роҳи чунин ҷавонон мебошад. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки танҳо огоҳ будан аз илмҳои замонавӣ, хониши аъло, рафтори намунавӣ онҳоро аз ҷаҳолат берун  намесозад ва соҳибобрӯ намегардонад. Бояд мо пеш аз ҳама Ватани худро дӯст дорем. Побанди ҳар банду макру ҳиял нагардем.

Мақсад ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба мисоли ҳизби террористиву экстремистии ҲНИТ дар ниҳоди худ мепарваранд, онҳоро бо мисолҳои возеҳ метавон баён намуд, ки ягона мақсади онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии давлат мебошад. Бояд мо рӯирост гӯем, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ягон маънои ҷиҳодро надорад. Танҳо дар зеҳну мафкураи онҳо бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, ин ки куллан хатост!

Дар асл аъзоёни он мусулмонҳоро даъват менамоянд, ки Худоро ҳамеша ёд кунанд ва аҳкоми шариатро василаи асосии кору зиндагии худ донанд. Аммо асли мақсади онҳо барпо намудани хилофат аст. Сухану амали аъзоёни ин ҳизбҳо ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад. Вале чун мебинем, «сарбозони роҳи ислом», ки худро ҳамчунин унвон мекунанд, ба таври ҷаҳолат сари инсонҳоро мегиранд ва онро тариқи навор ба оламиён нишон медиҳанд. Магар ин амалро ислом дастгирӣ мекунад?, ҳаргиз на!

Маҳз ҳамин  мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИТ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҲНИТ барои сиёсинамоии мафкураи динӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, онро пурзӯр мекард.

Дар натиҷа дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чаласавод пурзӯр гардида, ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИТ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИТ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Бояд ҳар як шахси баорият ба қадри тинҷиву ормии ҷомеа расад ва шукрона кунад, ки имрӯз мо хоби орому осуда дорем. Барои фардои фарзандонамон фикр мекунем.  Фардои хуррами фарзандонамонро давлат кафолат додааст, пас моро мебояд, ки барои тин миллати саодатовар бо ҷону дил хизмат намоем.   

 

Гурӯҳе аз ҷавонони фаъоли донишкада

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел дар кишварамон Рӯзи илми тоҷик бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири таҷлили сазовори ин рӯзи касбӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони Phd магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Конференсия ду рӯз давом намуда, аввалан мақолаҳои устодон дар бахшҳои алоҳида шунида шуд.

Дар рӯзи дуюми конференсия барои аҳли иштирокдорон намунаи эҷоди устодону донишҷӯён пешкаш гардонда шуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директории донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бар самъи ҳозирин расонид. Дар баромади сарвари донишкада фаъолияти илмии донишкада пурра мавриди таҳлил қарор гирифта, аз устодон ва шогирдони донишкада даъват ба амал оварда шуд, ки қобилияти зеҳнӣ ва нерӯи ақлонии худро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим равона кунанд. Номбурда ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таҳким бахшидани рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нек арзёбӣ намуд.    

Сипас, роҳбарони 8 бахшҳо - Саидова Шоира, мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ, Юсупова Гулнора, декани факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ, Акрамов Абдуқодир, декани факултети сохтмон ва нақлиёт, Худойбердиев Хуршед, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Бобоева Таиба, мудири кафедраи  умумитаълимӣ, Раҳимов Охунбобо, устоди кафедраи таъмини барқ ва автоматика, Комилова Дилрабо, мудири кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, Ғуломнабиев Сардор, мудири кафедраи умумитаълимии донишкада дар бораи натиҷаи кори бахшҳо гузориш доданд.

Дар идомаи кори конференсия барои дастовардҳои илмии донишкада ғолибони озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, устодоне, ки онҳоро ба олимпиада омода намуданд аз ҷониби  Раёсати донишкада бо ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин фаъолони бахшҳо бо сипосномаи Раёсати донишкада сарфароз гардиданд.

Дар фуроварди кори конференсия ба якчанд нафар фаъолони шаҳодатномаи аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид.  

 

 

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат аз ибтидоӣ солҳои 2000 – ум имконият пайдо намуд, ки ба масъалаҳои душвори иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда барои ҳалли онҳо чораҳои мушаххас андешад. Зеро то он замон ҳанӯз дар баъзе аз гӯшаҳои кишварамон садои тиру туфанг баромада ормиро халалдор менамуд.  Дар ин давра самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муқаррар карда шуд. Иҷтимоиёт, ки ба ҳаёти рӯзмаъраи мардум, таълиму тарбия ва тандурустии мардум вобаста аст, соҳаи афзалиятноки рушди ҷомеа арзёбӣ гашт.  Маҳз чунин муносибат имконият дод, ки дар давоми 10-15 соли охир  дар соҳаи рушди мактабу   маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ гардиши сифати ба миён омад. Садҳо мактабҳо, бемористонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайра бунёд гаштанд.

Ин ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омад.  Аз ин рӯ, мо ҷонибдори андешаем, ки мафҳумҳои Истиқлолият ва Ваҳдат тавъами якдигаранд, онҳо яке дигареро таҳким мебахшанд.

Бо баробари амали гаштани лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои таълиму тарбия, илму касбомӯзии насли наврас ва ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

         Тавре ҳамаи мо бохабар ҳастем Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ соли соли 2017- ро “Соли ҷавонон”  эълон намуданд. Ин ташаббуси Президенти кишварро натанҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар аксари қишварҳои ҷаҳон ба хушнудӣ пазируфтанд. Ин ҳол табиист, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30 - сола ташкил медиҳанд. Дигар ин ки шиори “Ҷавонони бомаърифату соҳибкасб ояндаи миллатанд”, ки доимо сармашқи кори Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аҳамияти худро гум  накардааст ва ба фикрам гум ҳам намекунад

Дар бораи ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда истода, ман мехостам чанд нуқтаро бароятон иброз дошта бошам.

Якум, аз ахбори ВАО, мушоҳидаҳои ҳаёти рӯзмаъра чунин ба назар мерасад, ки ин ташаббуси Пешвои миллатро бисёр ашхос ҳамчунин як чорабинии “навбатӣ” қабул намуда, бо гузаронидани чорабиниҳои алоҳида, омода намудани чанд шиору овезаҳо  маҳдуд шуда истодаанд. Ман фикр мекунам ин муносибати бисёр сатҳӣ, рӯяки мебошад. Чунки ташаббуси Президенти кишвар ин андешаи яклакҳзаинаи он кас нест, ки, балки ин андеша дар давоми дарозии таърихи навини тоҷикон таҳаввул ёфт  ва имрӯз шаклу мазмуни нав пайдо намуд.

Дуюм, мо дар асри ХХI асри вусъати бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ, зуҳурёбии равандҳои гуногуни падидаҳои иҷтимоӣ қарор дорем. Барои фардо дар фазоӣ ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифи намудан  моро зарур аст, ки дар бораи насле, ки ҷомеаамонро ба ворисият мегирад, ғамхори зоҳир намоем. Дар ин кор мо бояд аз Пешвои миллат ибрат гирем.

Биёед, ба ёд меорем. Соли 2000 ум, ҷомеаи тоҷик акнун аз оғӯши ҷанги даҳшатбор халос шуда буд. Муаммоҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ садди роҳо рушди босубботи ҷомеа мегашт. Вале дар ҳамин лаҳзаҳои хеле барои давлату ҷомеаи Тоҷикистон ҳассосу вазнин Президенти мамлакат яке аз аввалин вохӯриҳои худро бо ҷавон гузаронид ва аллакай ҳамон давра иброз дошт, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд”.  Ба таври дигар гӯем  аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият давлат татбиқи сиёсатро доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа самти афзалиятнок   муқаррар намуда буд.

 Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Ташкили Донишгоҳҳо, донишкадаҳо, ба хориҷа равон кардани ҷавонон барои таҳсил ва ғайраҳо  ин натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мебошанд.

 Доир ба баланд бардоштани нақши ҷавонон  дар ҷомеа даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд.

Дар ин давра, инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат қабул гардид, ки татбиқи он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад. Имрӯз шумораи ҷавонони то синни 35 – сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо иншооти наву замонавии варзишӣ, аз қабили варзишгоҳу толорҳои варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд гардиданд.

Дар натиҷа варзишгарони мо, ки аксари онҳо зодаи даврони истиқлол мебошанд, дар мусобиқоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шуда, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷаҳон баланд бардоштанд.

Давлат  дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонад ва минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимову иқтисодии наслҳои наврасу ҷавонро беҳтар гардад ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созад.

Дар баробари ин, зарур аст, ки  ҷавонон сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоянд, Ватан, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намоянд ва самимона дӯст доранд.

 Дар бораи ба ҳамвобастагии Ваҳдати миллӣ ва сиёсати ҷавонон андешаронӣ намуда, боз як нуктаро таъкид намудан зарур аст. Мо тавонистем дар давоми ин солҳо ваҳдати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар радифи амалигардонии се самти стратегии рушди ҷомеамон пиёда намоем. Аммо баробари ин, бояд эътироф намуд, ки то ҳол то ба охир ваҳдати тафаккурро ба даст надаровардаем. Ҳалли ин масъала хеле вазнин аст, зеро тағйир додани мафкураи инсонҳо хеле давраи тӯлониро талаб менамояд. Баҳри амали гардонии ин масъала   зарур аст, ки  оила, мактаб ва ҷамъият дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд.

Ғайрат Раҷабов, устоди ДПДТТ дар шаҳри  Хуҷанд

 

Бо иштироки беш аз 250 нафар духтарони донишкада ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарони донишкада доир гардид.

Чорабиниро мудири шуъбаи тарбия Муҳаррама Темирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки дар рӯзномаи кори ҷаласа танҳо як масъала интихоби нави раиси шӯрои духтарони донишкада  мавриди баррасӣ қарор мегирад. Зикр шуд, ки Маърифат Мавлонова, раиси шӯрои духтарони донишкада дар давоми беш аз се соли фаъолияташ тавонист дар самти кор бо духтарон корҳои хуберо роҳандозӣ намояд. Азбаски номбурда хатмкунанда аст, зарурати интихоби нави раиси шӯрои духтарон ба миён омад.

Сипас аз чор факултети донишкада як нафари фаъолаҳо – Саидабону Ҳасанова, донишҷӯи курси 3, намояндаи факултети сохтмон ва нақлиёт, Фарангис Баротова, донишҷӯи курси 1 аз факултети информатика ва энергетика,  Султонова Парвина, донишҷӯи курси 3 аз факултети муҳандисӣ - технологӣ ва  Абдуманонова Адиба, донишҷӯи курси 2 аз факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ ҳамчун довталаб  ба номзадии раиси Шӯрои духтарони донишкада  барномаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Устодони донишкада Алия Раҳимова, Хайринисо Темирова ба номзадон доир ба фаъолияти минбаъдаи корӣ, нақшаҳои тарҳрезинамудаашон саволҳо доданд.

Бо назардошти дониши баланди сиёсӣ, маҳорати ташкилотчигӣ бо аксарияти овозҳо раиси шӯрои духтарони донишкада Султонова Парвина интихоб гардид.

 

 

 

 

 

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва эътирофи гуногунандешии сиёсӣ, ҳамзамон тараққии технологияи иттилоотии замонавӣ воситаҳои таъсиррасонӣ ба шуури ҷавонон мухталифанд. Пайдост, ки аксари ҷавонони мо бо иттилооти сомонаҳо сарукор доранд ва ин раванди табиист. Вале суоле ба миён меояд: онҳо ин иттилооти пешниҳодгардидаро чӣ тавр қабул менамоянд?! Тарафи дигари масъала дар он аст, ки онҳо чаро ба иттилооти беасоси ҳангомаҷӯёна ва ё ғаразнок таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд?

     Ё худ ба ҳамагон равшанаст, ки дар ҷомеаи кунунӣ теъдоди зиёди ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳар яке аз ин ҳаракатҳо нақшаю барномаҳои хоси худро ҷиҳати рушди сиёсию иқтисодии ҷомеа доранд. Аммо дар байни ҷавонон афроде ҳам ёфт мешаванд, ки бо ҳадаф ва мақсадҳои ниҳоии ин ҳаракатҳои ҷамъиятӣ пурра шинос нагашта, фирефтаи ақидаҳои роҳгумзананда мегарданд. Яъне, чунин ақидаҳои роҳгумзананда ва пайгирии имрӯза садҳо ҷавонони сода ва камсаводи тоҷикро низ ба майдони мусулмонкушии Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон роҳнамун сохтаанд. Барои чӣ ҷавонони мо ба ин роҳ мераванд?

Таърих фаромӯш намешавад: ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро дар кишвар ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо роҳбарӣ карда, сабабгори фоҷеаи мудҳишгардиданд. Бемуҳобот, чунин рухдодҳо, албатта, аз ҳодисаҳои нанговар барои миллати тоҷик мебошанд. Вале ба хотири наҷоти миллат гуноҳи аксари кулли ҷинояткорон бахшида шуданд ва ин ҳам барои ояндаи кишвари азизамон буд.

     Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкидан зикр кардаанд: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».

Бале, ҷаҳду талоши бемонанди Пешвои муаззами миллат, роҳбарони дигар буд, ки зӯроварӣ, гурӯҳҳои силоҳдори ғайриқонунӣ, ки даст ба ғорати мардуми осоишта мезаданд, аз байн бурда шуданд. Вақти он аст, ки мо–ҷавонон фирефтаи идеологияи ғайр нагашта, ҳушёрӣ ва зиракиро пешаи худ намоем. Барои ободии диёр ва эмин нигоҳ доштани он аз чашми бадбинон аз дилу ҷон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Фаррух Аминов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд