Мо, духтарони Донишкадаи полиехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ҷавонони саодатманди диёр  нисбати изҳороти аъзоёни  «Форуми озодандешони Тоҷикистон»  ҳаминро гуфтанием, ки аз дурӯғғуиву лофзаниҳои беҳуда даст кашида,  воқъияти ҳолро пешниҳоди мардум кунанд. Мо аз «дилсӯзони миллат» қотеъона талаб дорем, ки номи баланди миллатро доғдор накунанд ва тӯҳмату бӯҳтонҳои муғризона обрӯи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст назананд. Ин марзи биҳиштосо ва сокинони ваҳдатшиор кайҳо душманро аз дӯст фарқ намудаанд.

Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Ин номи баланд ва ин даъвои бузург боис шуд, то таваҷҷуҳ намоем, ки ин ин «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то куҷо ҷиддист?

Албатта дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, осон ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои бадхоҳонаамон ҳатман  фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода  бурданду доранд ва  мебаранд.

Изҳороти Анҷумани озодандешони Тоҷикистонро мутоила карда, ба чунин хулоса омадем, ки дар кишвари мо то ҳол ҳамагӣ торикандешон зиндагӣ доштаанду мо ба «қадри» озодандешагон нарасидем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократию дунявӣ буда, барои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тариқи қонунӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон  то соли 2015 ҳамчун ҳизби эътироф гардида, фаъолият бурда рӯи рост ва бо роҳи пинҳонӣ ба амнияту сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳо ва ищвогарии зиёд менамуд. Баъди ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли 2015, террористӣ ва экстремистӣ будани ин ҳизб аз ҷониби Прокуратураи Генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда шуд.

Мо, устодон ва шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷавоб ба изҳороти «Анҷумани озодандешагони Тоҷикистон», ки худро аз пешравон ва донотарошони ҷомеаи пешрави берун аз Тоҷикистон мегиранд, гуфтанием, ки аз суханҳои по дар ҳавои худ даст кашида, мағлубияти худро ҳамчун «рақиби  ноӯҳдабаро» қабул намоянд. Воқеияти ҳол он аст, ки душманони миллат пешравии кишварамонро нодида мегиранд. Дар кишвари мо таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳама соҳаҳо пеш рафта, зина ба зина сатҳи зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дараҷаи дониш ва мафкураи мардум, хосса ҷавонон боло рафтааст. Дар изҳороти гурӯҳи ба ном «Озодфикрон» омадааст, ки ҳадафи ин Анҷуман пешгирии зуҳуроти номатлуби ришваситонӣ дар кишвар аст. Аммо то кадом андоза суханони онҳо рост аст, касе намедонад.

Заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки садҳо ҷавонони роҳгумзадаи кишвар, ки дар муассисаҳои ғайриқонунии динии давлатҳои  хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Бузғунчилик характеридаги кўплаб оқимлар (секта) ҳеч бир давлатга ҳам миллатга ҳам ҳеч қачон фойда етказмаган. Аксинча, ҳамма вақт моддий, руҳий ёки жисмоний зарар етказиб келган.

Мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ҳамчун узви фаъоли ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишварамон мехоҳем дар мавриди фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон нуктаи назари хешро баён карда бошем. Зеро вақтҳои охир «роҳбарони олӣ»-и ин ҳизби мамнӯшуда бо истифода аз  расонаҳои иғвоангези дар хориҷа сабтиномшуда мехоҳанд фазои солими кишварамонро ғуборолуд намуда, дар зеҳну тафаккури шаҳрвандон андешаи ботилро ҷо созанд. Гузашта аз ин як гурӯҳ ба ном рӯзноманигорони «ҳирфаи»-и ин «нерӯи осебпазир» аз созмону ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ мешаванд, бо истифода аз далелу аснодҳои бардурӯғ мехоҳанд фаъолияти кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум намоянд. Онҳо камтарин мушкилоти имрӯзаи кишварро баҳона пеш оварда, ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба андешаи онҳо мавҷи муҳоҷирони меҳнатие, ки имрӯз дар кишварҳои Русия кору зиндагӣ мекунанд, маҳз аз сатҳи пасти зиндагии онҳо дарак додааст ва онҳо иҷборан ба Русия рафтаанд. Ин далел ва мушоҳида комилан хатост. Зеро муҳоҷирати меҳнатии қувваҳои корӣ дар арсаи байналмилалӣ як ҳодисаи маъмул аст. Дар кишварҳои гуногуни олам он ба мушоҳида мерасад ва дар ҳар ҷо қувваи корӣ баҳри пайдо намудани ҷои кори хубтаре, ки музди меҳнати бештаре дода тавонад, кӯшиш мекунанд. Тибқи иттилои коршиносони олам мамлакатҳои Чину Туркия аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатии худ буҷаи кишварашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳоло ҳудуди ду миллион сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қариб 800 ҳазор мардуми қирғиз, беш аз як миллион қазоқиҳо дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунанд. Пас маълум мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо низ ба хотири боз ҳам хубтар таъмин намудани маишати зиндагии худ озими Русия мешаванд.

Агар зиндагии сокинони кишвар воқеан ҳам вазнин мебуд, падару модарон имрӯз аз ҳар вақта дида бештар майл ба маълумоти олӣ гирифтани фарзандони худ саъй намеврзиданд. Имрӯз онҳо ҳатто дар хориҷа истода аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуданд, ки маҷлиси падару модарони фарзандонашонро ба таври онлайнӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намоянд, то онҳо аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзандонашон огаҳӣ ёбанд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён, арзи ҳастӣ намудани 39 муассисаҳои олӣ, шароити хуби таълиму тадрис имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз маънавиёти ҷомеа боло равад.

Шахсан мо аз он шукрона мекунем, ки дар кишвари озоду обод зиндагӣ дорем. Сатҳи зиндагӣ сол то сол беҳтар мешавад. Дар муассисаи мо барои ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён шароити мусоиди корӣ ва таълимӣ мавҷуд аст. Маҳз таваҷҷӯҳи давлат ва Хукумати кишвар аст, ки пояи моддиву техникии донишкада торафт мустаҳкам гардида, баръакс шумораи зиёди волидон фарзндҳояшонро бинобар хуб будани вазъи таълим аз донишгоҳҳои хориҷа ин ҷо меоранд.

Ҳар як сокини кишвар ба хубӣ дарк мекунад, ки беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Дур намеравем, мамлакати ҳамсояи Афғонистонро бинед, то ба ҳол бинобар нофаҳмиҳои қувваҳо сокинони оддӣ зарар мебинанд. Дар ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг наздики 35 сол аст, ки ҷанг рафта истодааст. Иқтисодиёти футуррафта, нигоҳҳои хастаи сокинонро мебинему ҳазор маротиба шукрона мекунем, ки ин ҳодисаҳои мудҳишро таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба нерӯи хиради сокинон паси сар намудем. Ҳоло кишвари мо марҳилаи давлатсозиро паси сар намуда, ба давлатдории воқеӣ акнун қадамҳои қатъӣ мегузорад. Дар оростани қасри муҳташами ин давлати бузурги таърихӣ, ки номаш дар фарҳанги ҷаҳонӣ чун миллати қадима муаррифӣ шудааст, мову Шумо бо меҳнати созанда, бо дили соф кӯшиш варзем.  Боварӣ дорем, ки душманони миллати мо дар муқобили мардуми ваҳдатшиор якдилу якмаром маҳв хоҳанд шуд.

 

 

ҲНИТ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикион боқӣ мондаанд. Далели ин гуфтаҳо баёнияи навбатии Шӯрои сиёсии ҲНИТ мебошад, ки чун ҳарвақта пур аз фитнаву бадбиниҳо нисбати ҳукумат ва давлат рӯи  қоғаз оварда шудааст. Дар баёния қайд карда шудааст «гӯё мақомоти давлатӣ ҳадафи ғайриқонунӣ заиф ва аз саҳнаберун кардани ҳамаи неруҳо, аз ҷумла ҲНИТ мебошад», ки ин туҳмати соф нисбат ба давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҲНИТ  боз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва якчанд иттиҳодияҳои ҷамъияти озодона амал менамоянд ва ягонтои онҳо мисли раёсат ва баъзе аз аъзоёни  ҲНИТ кӯрнамакӣ ва бе шармуҳаёӣ накардаанд. Бояд таъкид намуд, ки раёсат ва шӯрои ин ҳизб аз дасткашии оммавии аъзоёнаш ба қаҳр омада, алами худро намедонанд аз ки бигиранд ва бо ин амалҳои номатлуби худ ҳамаи ҳадду ҳудуди меъёрҳои қонунгузориро гузаштанд.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза, бархӯри манфиатҳои кишварҳои абарқудрат аз ҳар як фарди масъулиятпешаву худогоҳ тақозо дорад, ки дар ҷомеа нақш ва мақоми худро дошта бошад. Зеро аҳлу тифоқ набудан, мавқеи сиёсӣ надоштан, бетарафӣ мамлакатҳои зиёдро ба вартаи ҷангу хунрезӣ овардааст. Имрӯз мамлакатҳои арабӣ чун монанди Ироқу Сурия маҳз аз костагии дониши сиёсӣ, набудани роҳбалади қавию ҳушманд ва гумроҳии ҷавонон наметавонанд низоми давлатдории худро пеш баранд ва «бозича»-и дасти абарқудратон гардидаанд.

Бадбахтона, ин зуҳуроти номатлуб сол то сол доман густурда, қувваҳои зиёди иртиҷоӣ мехоҳанд мамлакатҳои тинҷу осударо ба марзи ҷангу хунрезӣ кашанд.

Тоҷикистони озоду обод, ки дар минтақаи Осиёи Миёна аз лиҳози геополтикӣ мавқеи устуворро касб кардааст, пайваста дар мадди назари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ қарор дорад. Азбаски имрӯз давлат қудрату тавононои ҳифзи марзу бумро дорад, хоҷагони беруна мехоҳанд авзои сиёсии кишварро аз дарун вайрон созанд. Мақсади ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон, ки алҳол «бозича»-и давлатҳои исломӣ ҳастанд, маҳз ҳамин аст. Аз ин хотир онҳо як гуруҳ ҷавонон, рӯзноманигорони тоҷики муқими давлатҳои аврупоро ба даври худ кашида бо додани дастмояҳо барои сиёҳ кардани Тоҷикистон кӯшиш варзида истодаанд. Аммо тирашон ҳамвора хок мехӯрад. Зеро ҳизбе, ки пояи устувор, аъзои содиқ надорад, шикаст мехӯрад. ҲНИТ ҳизбе аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ мекӯшид манфиатҳои шахсии худро боло мегузоштанд. Онҳо замони Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ танҳо дар он сурат ба сулҳи бебозгашт имзо монда буданд, ки Ҳукумат курсиҳои мансабиро дар ҳаҷми 30 дар сад дод. Аммо худатон шоҳиди ҳол шудед, ки ягон нафари онҳо барои пешбурди кишвар заҳмат накашиданд. Ҳар яке бо «қаҳрамони»- ҳои худ аз вазифа рафтанд. Қазияи генерали ошӯбгар Ҳалим Назарзода парда аз рӯи бадкории ҲНИТ бардошта шуд. Пештар ин ҳизб дар интихоботи парлумонӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ва ошкоро зидии давлат ва Ҳукумат баромад. Зимни санҷиши фаъолияти ин ҳизб ошкор шуд, ки ҲНИТ ба ҷои пиёда сохтани барномаҳои таҳия кардааш, сокинонро ба шиапарастиву шахсиятпарастии Кабирӣ даъват кардааст. Онҳо бо истифода аз масҷиду маъракаҳои мардум нафароне, ки ришу ҳиҷоб намепӯшанд ба кофарӣ бароварда, ҳар касеро ки ба ҳизби наҳзат шомил намешуданд, ба  Худою расул душман эълон мекарданд. Мақомотҳои қудратӣ маҷбур шуданд, то чанде аз роҳбарони олии онҳоро бинобар паҳни иттилооти терроризму экстремизм ба маҳкама кашанд. Саркардагон ба  ҷои исботи бегуноҳии худ рӯ ба гурез ниҳода, имрӯз дар хориҷа бо истифода аз расонаҳои бардурӯғи хориҷа ба иғвою дасисаҳо машғуланд.

Як чиз айён аст, ки кӯшишҳои онҳо беҳуда аст. Зеро халқ заршинос аст. Сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои аслии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИТ бохабаранд, бинобар ин ба дасисаҳои иғвогаронаи онҳо дигар бовар нахоҳанд кард. Зеро фардои ин миллат дурахшону ояндаи ин ҳизб тира аст.