Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ташкилоту муассиса ва корхонаҳои қаламрави вилояти Суғд робитаи зич дорад. Факултет ва кафедраҳои донишкада низ бо корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, муассисаҳои давлативу хусусӣ ҳамкории зич доранд. Чунин ҳамкориҳои тарафайн хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолии худро дар ташкилоту корхонаҳои  мазкур мегузаронанд. Шароити мусоиди таҷрибаомӯзӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, мутахассиси  баландтаҷриба гарданд. 

Айни ҳол донишкада бо 267 корхонаҳои дохили кишвар ҳамкории зич дорад.  

МАЪЛУМОТИ МУФАССАЛ