Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ муассисаи ҷавон бо потенсиал ва имконияти бузург барои робитаҳои байналмиллалӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо донишкада дар самти робитаи байналмилалӣ босуръат рушд карда истодааст.
Соли 2000 Робитаҳои байналмиллалӣ ва Офиси Идораи Лоиҳаҳо (IRPMO) бо мақсади коркарди идораи лоиҳаҳо кори худро дар донишкада оғоз намуд. Донишкада дар якчанд лоиҳаҳои байналхалқӣ ширкат меварзад. Тайи чанд соли охир донишкада лоиҳаҳоро барои гирифтани дараҷаи олии маълумот, аз ҷумла, бо имконияти бурдани лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дастгирӣ намудааст.
Лоиҳаҳои ҷорӣ дар донишкада
Мӯҳлат | ID лоиҳа | Номгӯ |
Давлат
|
2012-2015 | 530793-TEMPUS-1-2012-1-SETEMPUS-JPCR | Барномаҳои магистрӣ барои азнавбарқароркунии сарчашмаи энергия ва самаранокии энергея дар биноҳо дар Осиёи Марказӣ ва Русия |
Донишгоҳи Лунд,Шветсия |
2014-2017 | 544126-TEMPUS-1-2013-1- ES-TEMPUS-JPHES | Мустаҳкамкунии марказҳои рушди карера дар муассисаҳои олии Осиёи Марказӣ барои васеъгардонии имконияти хатмкунандагон барои гирифтани машғулияти мувофиқ ва босифат |
Донишгоҳи Аликанте Испания |
2016-2019 | 574005-EPP-1-2016-1-LV-EPPKA2-CBHE-JP |
Маълумоти олӣ барои система ва стандарти маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Марказӣ |
Донишгоҳи кишоварзии Латвия |
2017 | Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва инкишофи Олмон (BMZ) |
Таҳсилоти тахассусӣ ва омӯзиш дар Осиёи Марказӣ |
Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit GIZ) |
2017-2018 | P148291 | Лоиҳаи маълумоти олӣ |
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ 234 шартномаҳои тарафайнро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Аврупо, США, Китай, собиқ давлатҳои шӯравӣ, Туркия ва Осиёи Марказӣ ба имзо расонидааст.
Муносибатҳои тарафайн
Барномаи APOLLO, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ дар кишвари Олмон мебошад. Барои хатмкунандагони ихтисоси аграрӣ ва ё донишҷӯёни ҳамин ихтисос шомил шуда метавонад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 4 моҳ, аз аввали моҳи Июл то оғози моҳи Ноябр. (истисно ва шартномаи алоҳида имконпазир аст). Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи: www.apollo-online.de/
Барномаи GeTec-Solutions, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ, саноати кишоварзӣ ва саноати озуқаворӣ дар кишвари Олмон мебошад. Таҷрибаомӯзӣ аввали моҳи Май ё аввали моҳи Ноябр оғоз меёбад. (истисно ва шартномаи алоҳида имконпазир аст). Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи: www.getec-solutions.com
Барномаи Logo eV., барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ, саноати кишоварзӣ ва саноати озуқаворӣ дар кишвари Олмон мебошад. Таҷрибаомӯзӣ аввали моҳи Май ё аввали моҳи Ноябр оғоз меёбад. (истисно ва шартномаи алоҳида имконпазир аст). Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.logoev.de
Барномаи Global Praktikum, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 6 моҳ. Дар давоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯ стипепдия ба маблағи 670евро ҳар моҳ пардохт карда мешавад. Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт арда мешавад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.praktikumglobal.com/
Барномаи PRAXX, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 6 моҳ. Дар давоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯ стипепдия ба маблағи 670евро ҳар моҳ пардохт карда мешавад. Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт арда мешавад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи: https://praxx.eu
Барномаи IAAS(International Association Students in Agricultural and Related Science) , барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ, саноати кишоварзӣ ва саноати озуқаворӣ дар давлатҳои Аврупо мебошад. Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.iaasworld.org/about-iaas/
Барномаи Internship International- Internship in the USA and Germany, барномаи таҷрибаомӯзӣ дар Олмон ва ИМА мебошад. Барнома аз 4 зербарнома иборат аст:
- Барномаи German Agriculture Program.
Таҷрибаомӯзии соҳаи Хоҷагии қишлоқ, Кишоварзӣ ва Озуқаворӣ дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 6 моҳ. Донистани забонҳои англисӣ ва немисӣ талаб карда мешавад. Дар давоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯ стипепдия ба маблағи 670евро ҳар моҳ пардохт карда мешавад. Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
- Барномаи Culinary Program.
Таҷрибаомӯзии соҳаи хӯрока дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ аз 3 то 12 моҳ. Донишҷӯён аз рӯи вазифаи ошпаз, нонпаз, қаннодчӣ ва қабули меҳмонон фаъолият мебаранд. Дар дораи ҷои зист, хӯрока, стипения, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
- Барномаи US 12 month Hospitality Program.
Барномаи таҷрибаомӯзи дар Меҳмонхонаҳои ИМА гузаронида мешавад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 12 моҳ. Донишҷӯён дар меҳмонхона ба вазифаи фаррошӣ, ташкили нишастҳо, пухту паз ва қабули меҳмонон машғул мешаванд. Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипения, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
- Барномаи 3-4 Month Work and Travel
Барномаи таҷрибаомӯзӣ дар меҳмонхонаҳо ва қаҳвахонаҳои ИМА гузаронида мешавад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ аз 3 то 4 моҳ. Донишҷӯён ба вазифаи фаррошӣ, ташкили нишастҳо, пухту паз ва қабули меҳмонон машғул мешаванд. Дар барнома донишҷӯёни давлатҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои ҷанубӣ иштирок менамоянд.Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, стипения, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.
Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.internshipinternational.com/Home.aspx
ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
Шуҳрат Мақсудов Сардори шуъбаи робитаи хориҷӣ +992 92 714 00 38 |
Дилшод Набиев Мутахассиси шуъба +992 92 827 07 77 |
Мадина Ҷабборова Менеҷери шуъбаи робитаи хориҷӣ +992 93 453 66 00 |
Давлат Ҳакимов Мушовири шуъбаи робитаи хориҷӣ +992 92 751 38 38 |