Иттифоқи касабаи ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ соли 2010 пас  аз ташкилёбии Донишкадаи политехникӣ бунёд ёфтааст. Он ташкилоти ҷамъиятии худидоракунанда буда кормандони муасисаи мазкурро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаи фаъолияти истеҳсолиашон, мехнатиашон барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои аъзояш аз рӯи принсипҳои соҳавӣ муттаҳид менамояд.

          Иттифоқи касабаи ДПДТТ фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»,  «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»,  «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикисто онҳоро эътироф намудааст ва Оиннома ба роҳ мемонад.

            Иттифоқи касаба дар фаъолияташ мустақил мебошад, дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ, партияҳои сиёсӣ  ва ғайраҳо ҳисоботдиҳанда набуда, таҳти назорати онҳо қарор намегирад. Ба онҳо ҳамкориро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.      

             Сохтори иттифоқи касабаи ДПДТТ аз иттифоқи касабаи муассисаи таълимӣ КМИК-и ДПДТТ иборат мебошад.

              Иттифоқи касаба тибқи талаботи санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарҳисоб, мӯҳри ягона, тамға(штамп), бланк бо номи расмии Иттифоқи касаба, рақами мушаххас, молу мулк, сомона, нишон, парчам, парчами сайёр, вимпел, васоити ахбори омма, билети аъзогии Иттифоқи касаба, шаҳодатнома, сипоснима, ифтихорнома, нишони сарисинагӣ, корманди фахрии Иттифоқи касаба ва раҳматнома мебошад, ки шакли он дар мақомоти Иттифоқи касаба тасдиқ карда мешавад.

                         Мавҳумҳои асосӣ:  Анҷуман, аъзои иттифоқи касаба, Бюрои иттифоқи касаба, бозрасии ҳифзи меҳнат, гурӯҳи иттифоқи касаба, донишҷӯ, иттифоқи касаба, кадри иттифоқи касаба, кворум, кооптатсия,  корманд,  конференсия, корфармо, кумита, қарор, мақомоти иттифоқи касаба, маҷлиси умумӣ, муҳассил, молик, намояндаи иттифоқи касаба, нозири ҳуқуқ, нозири меҳнат, пленум, протокол, раёсат, рамз, регламент, сохтори ташкилоти иттифоқи касаба,  собиқаи иттифоқи касаба, ташкилоти ҷумҳуриявии иттифоқи касаба, ташкилоти иттифоқи касабаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, ташкилоти гурӯҳии иттифоқи касаба,  фаъолони иттифоқи касаба,  ҳаққи аъзогӣ,  ҳуқуқи моликият, ҷузҳои таркибии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба.

          Мақсади иттифоқи касаба аз ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва зеҳнӣ дар ҳаммаи зинаҳои мақомоти суди ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муттаҳид намуани кормандони муассисаи таълимӣ,   ДПДТТ барои  бадаст овардани муваффақиятҳои меҳнатӣ, иҷрои нақшаҳои таҳрезишуда,  баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, шароити арзандаи зиндагӣ, маоши хуби аъзоёни иттифоқи касаба,  иборат мебошад.

           Вазифаҳои иттифоқи касаба аз назорати пардохти музди меҳнат, стипендия ва кӯмакҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, тибқи талаботи қонунҳо муҳайё намудани шароити мусоид ва бехатарии меҳнат,   иштирок дар омода намудани барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, ҳифзи меҳнат, дар комиссияи баҳсҳои меҳнатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва мнфиатҳои аъзоён, дар гузаронидани муайян намудани сатҳи зиндагии аъзои иттифоқи касаба, меъёри ҳадди ақали музди меҳнат ва сабати истеъмолӣ, дар гузаронидани  гуфтушунидҳои коллективӣ, бастани созишнома ва шартномаи коллективӣ ва назорати ҷамъиятии онҳо, дар таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати ҷавонон, гендерӣ ва дигар барномаҳо бо мақсади ваколатдори давлатӣ, дар тартиб додани барномаҳои иҷтимои ба манфиати аъзоёни иттифоқи касаба, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоёни иттифоқи касабаро  ҳангоми ихтисори воҳидҳои корӣ, азнавташкилдиҳи ва ё қатъ  намудани фаъолияти муассиса, ташкилот ва корхонаҳо ҳимоя мекунад ва ҳоказо.

              Принсипиҳои фаъолияти иттифоқи касаба аз интихоби будани  аъзои мақомоти  иттифоқи касаба ва ҳисоботдиҳанда будани раис дар назди он,  муттаҳидӣ ва ягонагӣ  дар қабули қарорҳо тибқи муқаррароти оиннома, қабули қарорҳои анҷуман, конференсия, маҷлис, пленум ва раёсат тариқи овоздиҳӣ, ҳатми иҷро намудани қарорҳои қабулкардаи мақомотҳо,  ихтиёри аъзо шудан ба иттифоқи касаба ва даст кашидан аз он, шаффофият  ва риояи низоми молиявии мақомот ва ташкилоти иттифоқи касаба,  мустақил будани ташкилоти иттифоқи касаба  ва мақомоти интихобии он дар доираи ваколатҳои оинномавӣ ва  талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  баамал баровардани  сиёсати кадрӣ, инчунин ба роҳ мондани омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси  кормандон ва фаъолони иттифоқи касаба,  баробарҳуқуқии ҳамаи аъзоёни иттифоқи касаба, шаффофият ва ошкорбаёнӣ,  иборат аст.

             Ҳуқуқҳои аъзои иттифоқи касаба аз бархӯрдорӣ аз имтиёзҳои дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбиникарда, ки байни корфармо ва КМИК баста шудааст, аз ваколатҳои иттифоқи касаба барои ҳимояи  ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, касбӣ ва зеҳнии худ истифода  намояд, номзадии худро барои интихоб шудан ба мақомоти роҳбарикунандаи иттифоқи касаба пешбпоӣ намояд, вакил ба маҷлиси умумӣ, конференсия ва анҷуман пешниҳод кунад, интихоб куна два интихоб шавад, аз муассисаҳои, табобатӣ, фарҳангиву варзишӣ ва амволи иттифоқи касаба ба тариқи ройгон, имтиёзнок ва подошпулӣ тибқи тартиби муқарраршуда истифода барад, дар идоракунии муассисаҳои соҳаи маориф ва илм иштирок намуда, барои беҳтару хубтар шудани фаъолияти онҳо таклифу пешниҳодҳо намояд. Камбудиҳои дар кори аъзои коллективи меҳнати бударо ошкоро гӯяд ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намояд ва ҳоказо.

  Аъзои иттифоқи касаба ӯҳдадор аст, ки     

     Оиннома ва Низомномаи Иттифоқи касабаро риоя намояд, талаботҳои онро иҷро кунад. Дар кори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба иштирок карда, қарорҳои мақомоти иттифоқи касабаро иҷро намояд, дар таҳияи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ иштирок карда, фикри худро ошкоро ва озодона баён намояд ва таклифу пешниҳодҳо кунад, шартҳоеро, ки дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ гардидааст, иҷро намояд, барои обрӯ ва мақоми Иттифоқи касабаро баланд бардоштан мусоидат намояд, мумтазам ҳаққи аъзогии ташкилоти иттифоқи касабро дар 1% аз маоши музди меҳнат, стипендия ва аз ҳаммаи намуди даромадҳо пардохт намояд ва ҳоказо.

 

Аъзоёни пленум,  раёсат,  комиссияҳои доими амалкунанда, комиссияи тафтишотӣ  ва ваколатдори ҷамъиятӣ.

  1. Ҷалилов Ф.
  2. Алиев Ш.С.
  3. Аминҷонова М.М.
  4. Рашидов Н.Ҷ.
  5. Башиков И.А.
  6. Азизов А.А.
  7. Ойматов Ш. Н.
  8. Усмонова Ф. О.
  9. Абдуназарова А.
  10. Мамадҷонова Н. – 3_25.01.07. ра.
  11. Пӯлотова Х. – 2_40.01.02 тб
  12. Мирмухаммедов М.– 3_74.02.06 та
  13. Мавлонов Д. – 1_37.01.07 тб

 Раёсат

  1. Ҷалилов Ф.
  2. Одилов З.Р.
  3. Усмонова Ф.О.
  4. Алиназарова М.
  5. Башиков И. А.
  6. Мамадҷонова Н. – 3_25.01.07. ра.
  7. Насрулоев У.У. – 2_43.01.03 ра.

 Комиссияи муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ 

  1.  Ҳакимов А.А.
  2. Ойматов Ш. Н.,
  3. Тохиров Т.,      

 Комиссияи суғуртаи ичтимои    

  1. Ҷалилов Ф.,
  2. Усмонова Ф.О.,
  3. Пӯлотова Х., (40.01.02. тв 3)     

Комиссияи омави сиёси, фарҳангию фароғати  ва  варзиши.

  1. Одилов З.Р.,
  2. Азимов Н.С.,
  3. Азимов А.  1 43.01.03.

Комиссияи тафтишотии  КМИК-и ДПДТТ ба номи академик  М.С.Осимӣ.

  1. Темиров С.Х.,
  2. Минец Д.,
  3. Мақсудов П.Б.,  

Ваколатдори ҷамъиятӣ:

  1. Бӯриев А.Б.