Таҳсилоти фосилавӣ

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  барои ташкили омӯзиши фосилавӣ ба ихтисосҳои зерин дорад:

  1. 1-400102 Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дар иқтисодиёт,
  2. 1-250104 Молия ва қарз,
  3. 1-250107 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо

Мӯҳлати таҳсил мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25 феврали соли 2017 4 сола аст.

 

 Таҳсилоти фосилавӣ чист?

Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад.

                                                                          Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Пас, дар таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ дар хона ё ҷои корӣ истода, бо воситаи интернет  маводи дарсҳоро аз устод гирифта, аз худ намуда, вазифаи иҷрокардаашро ба устодаш мефиристад. Ҳамин тавр, донишҷӯ дар вақти муносиб, дар макони муносиб ва бо суръати бароҳат машғули донишандӯзӣ мешавад. Масофаи байни ҷойгиршавии донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ ба самаранокии раванди таълим монеъа шуда наметавонд.

 

Барои донишҷӯи таҳсилоти фосилавӣ кифоя аст, ки

  • компютери шахсӣ
  • интернети дастрас дошта бошад.

 

Таҳсилоти фосилавӣ барои КӢ даркор?

Таҳсилоти фосилавӣ барои шахсони зерин имконияти таҳсилро медиҳад:

  1. Шахсоне, ки аз сабаби серкорӣ дар шакли рузонаи таҳсил иштирок карда наметавонанд,
  2. Дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, имконияти ҳар рӯз ба донишкада омадан надоранд,
  3. Маҷбуранд баъди хатми мактаби миёна фаъолияти корӣ баранд,
  4. Шахсоне, ки фаъолияти корашонро пеша кардаанду хоҳиши давом додани таҳсилро бе тарки ҷои корӣ доранд,
  5. Модарони ҷавоне, ки имконияти аз хона баромадан надоранд,
  6. Шахсони аз ҷиҳати ҷисмонӣ саломатиашон маҳдуд

 

Бартариҳои таҳсилоти фосилавӣ

  • Машғули донишандузӣ шудан дар вакти муносиб, ҷои муносиб ва босуръати бароҳат
  • ҷудо кардани фосилаи муносиби вакт барои омӯзиши фан
  • истифодаи самараноки майдони таълимӣ ва воситаҳои нақлиёт
  • муошират тавассути шабакаҳои алоқа бо якдигар ва бо омӯзгорон
  • дар як вақт муроҷиат намудани шумораи зиёди таълимгирандагон ба сарчашмаҳои таълимӣ
  • имконияти доимии баланд бардоштани сатҳи дониши худ, гузариш ба таҳсили бефосила дар тӯли ҳаёт
  • таҳсил бо ҳамроҳии фаъолияти касбӣ бе тарки ҷои корӣ
  • камшавии хароҷот аз ҳисоби маблағи таҳсилот
  • истифодаи навтарин дастовардҳои илмӣ-техникӣ, технологияи нави телекоммуникатсионӣ, ки дар пешрафти инсоният дар фазои иттилоотии ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
  • баробарии иҷтимоӣ ва ғайра.

 

Ҷараёни таҳсил дар гурӯҳҳои фосилавии донишкада

Раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ бо воситаи портали омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Сомонаи таҳсилоти фосилавии (СТФ) донишкада www.fosilavi.tj ба шабакаи глобалии Интернет насб буда, раванди таълим новобаста аз масофаи ҷойгиршавии донишҷӯ ва устод амалӣ мегардад.

Интерфейси истифодабарандагон мутобиқи технологияи муосир сохта шуда,  истифодабарандагон имконияти хуби истифодабарии он бо воситаи телефонҳои мобилӣ ва планшетро доранд.

Барои дастрас шудани сомона ба ҳар як донишҷӯи таҳсилоти фосилавӣ калиди воридшавӣ (логин) пешниҳод шудааст. Ҳар як донишҷӯ  ҳуҷраи виртуалии худро дорад. Дахолатнопазирии шахси дигар ба ҳуҷраи шахсӣ таъмин аст. Ҳар як истифодабаранда интерфейси қулай дорад.

Теъдоди донишҷӯён дар айни замон ба 234 нафар расидааст. Маркази таҳсилоти фосилавӣ раванди таълимро дар гурӯҳҳои фосилавӣ идора ва назорат мекунад.

Аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷӯёни курси 1 пеш аз саршавии дарсҳои низоми фосилавӣ ҷадвали дарсҳои заминагузорӣ тартиб дода шуда, дарсҳои заминагузорӣ дар донишкада  ташкил карда мешавад. Дар дарсҳои заминагузорӣ донишҷӯ бо сомонаи таҳсилоти фосилавӣ ва тарзи корбарӣ дар он шинос мешавад. Маълумоти мухтасарро оиди фанҳои дар нимсолаи аввал омӯзонидашаванда пайдо мекунад.

 

Бо оғози таҳсили фосилавӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ барои ҳар як фан бо воситаи сомонаи омӯзишӣ  маводҳои таълимии устод ба  донишҷӯ дастрас мешавад.

Гузаронидани дарсҳо тариқи он-лайн вебинар ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи ҷадвали дарсии вебинар дар вақти воқеӣ донишҷӯ бо устод ва ҳамсабақон дар дарси виртуалӣ ҳозир шуда, маълумоти мухтасарро аз фан мегирад.

Ҳоло донишҷӯёни мо дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият бурда истода, дар як вақт таҳсилро давом дода истодаанд.

 

Рӯйдодҳои муҳим

Дар санаи 27 феврали соли 2016 дар донишкада семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» доир гардид. Дар кори семинар роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодони донишгоҳҳо ширкат доштанд. Як ҷанбаи фарқкунандаи семинар он буд, ки бо дастгирии ширкати мобилии ТСЕЛЛ ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри  Кӯлоб ва Донишкадаи энергетикии шаҳри Қурғонтеппа ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тавонистанд бевосита дар муассисаҳои худ истода,  тариқи интернет ба таври мустақим ба кори семинар пайваст шаванд.

Зимни баргузории ин семинар донишкада пешрафтҳои худро дар ин самт пешкаши аҳли иштирокчиён карда оиди масъалаҳои ҳалталаб баҳс   намуд.

Сухани ифтитоҳии директори ДПДТТХ Сангинова Д.А.

Рафти семинар ба тариқи on-line бо чаҳор мактабҳои олӣ

Баромади Муллоҷонов Н.М.- мутахассис барномасози МТФ

Маводи семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ»  аз чоп баромад ва дастраси муаллифони мақолаҳо гардид.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ бо донишҷӯён ҳамеша дар алоқа буда, барои хоҳишмандон дарсҳои машваратӣ ташкил мекунад. Барои ҳалли муаммоҳои таҳсилоти фосилавӣ семинарҳо бо устодон мунтазам гузаронида мешаванд. Бо баробари рушди технологияи телекоммуникатсионӣ қадам ниҳода барои баланд бардоштани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ марказ чораҳои мушаххас меандешад.