МАЪЛУМОТ ОИД БА МАГИСТРАТУРА

Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию – педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии кабии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилаллии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.

Магистратура бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва Донишгоҳҳое, ки шуъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин имконияти илмию – методӣ, заминаи хуби моддӣ – техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура 2 (ду) сол муқарар карда шудааст.

Зинаи таҳсилоти магистратура дар донишкада аз рӯи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (АУ №0001255) аз санаи 30.05.2016 тасдиқ шудааст. Дар донишкада  14 ихтисосҳои магистратура дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ ва энергетика, иқтисодиёт ва идора, сохтмон ва нақлиёт, маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ довталабон ба зинаи магистратура аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд: 

 1-25.01.04 – Молия ва қарз

1-25.01.07 – Иқтисодиёт ва идора дар корхона

1-26.02.01 – Бизнес маъмуриятчигӣ

1-37.01.07 – Хизматрасонии автомобилӣ

1-40.01.01 – Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ

1-40.01.02 – Низомҳои иттиилоотӣ ва технологияҳо

1-43.01.03 -  Таъмини барқ

1-44.01.01 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёт

1-49.01.01 – Технологияҳои нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

1-49.01.02 -  Технология нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот

1-50.01.02 - Таҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

1-70.02.01 - Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ

1-70.01.02-08 -Энергияи барқароршаванда ва сарфи энергия дар сохтмон

1-74.02.06 - Истеҳсол, нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ

 

 

ТАЛАБОТӼОИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА

 - Ба шахсоне, ки дипломи онҳо ба равияи интихоб намудаашон мувофиқат накунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад;

- Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё худ мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталаб аз рӯи тахассуси интихоб намудааш кори хаттӣ (реферат) пешниӽод намуда, ба тариқи сӯӽбат аз озмун мегузарад. Барои шахсоне, ки дипломӽои онӽо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон оид ба таӽсил дар магистратура имтиӽонӽои ӽатмӣ аз фанӽои тахасссусӣ муқаррар карда мешавад;

- Агар дохилшавии довталаб ба магистратура, баъд аз ӽамон соли мактаби олиро хатм кардани ӯ мувофиқ ояд, ба сифати имтиӽони дохилшавӣ натиҷаи имтиӽони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ӽисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баӽои имтиӽони ҷамъбастии ихтисос аз баӽои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталаб имтиӽон месупорад.

Аз рӯи натиҷаи сӯӽбат ва супоридани имтиӽони дохилшавӣ оиди қабул ба магистратура қарори мусбат ё манфӣ қабул карда мешавад.

Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таӽсилоти олӣ муқаррар карда мешавад.

Барои қабул ба магистратура довталабон ӽуҷҷатӽои зеринро пешниӽод менамоянд:

- аризаи шахсӣ ба номи директор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;

- дипломи таӽсилоти олии касбӣ ва замимаи он;

уҷҷат оид ба эътирофи маълумоти олӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон (барои шаӽрвандони хориҷӣ);

- тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);

- 6 адад акс (андозаи 3х4);

- шиноснома (нусха);

- билети ӽарбӣ ё шаӽодатномаи ӽарбии даъватшаванда;

- тавсифнома (аз донишгоӽ ё ҷои кор);

- дигар ӽуҷҷатӽои тасдиқкунандаи пешрафти корӽои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонӽои хориҷӣ, малакаи кор бо компютер, нусхаи мақолаӽои илмӣ ва ғайра.

Магистрантон таҳти роҳбарии профессорону номзадҳои илм, омӯзгорони ботаҷриба таълиму тарбияи гирифта, дар озмоишгоҳҳои муосир аз рўи мавзўи интихобнамуда имконияти гузаронидани тадқиқотҳоро доранд Дар вақти таҳсил магистрантон метавонанд дар озмунҳои илмӣ иштирок карда, ба гирифтани грантҳо ноил гарданд, инчунин дар конфронсҳо ва нашри маҷаллаҳои донишгоҳҳо иштирок намоянд. Баъди хатми магистратура қисми зиёди хатмкунандагони дорои малакаи баландӣ касбӣ гардида, барои дохилшавӣ ба докторантура (PHd) ва аспирантураи донишкада ва берун аз онро доранд.

 

Телефони боварӣ:           +992 (3422) 6-04-54;   +992 92 752 53 64

Почтаи электронӣ:         Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. 

                                            Турсунова Матлубахон, сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия