Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

Ҳазор аҳсант ба он давлатҳое, ки солҳои қабл ба халқи тоҷик, мардуми тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати замоне азияткашида бовари ҳосил намуда сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд.

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо ҷаҳони муосир дар гирдоби падидаҳои номатлубе аз қабили ваҳшонияту хунрезиҳои бераҳмона қарор дорад, ки берун аз тасаввури ақли инсонӣ мебошад. Бавижа дар чанд кишварҳои исломиву ғайри он, чун Сурия, Миср, Ироқ, Украина ва ғайра бар асари зиддиятҳои мазҳабӣ ва инқилобхоҳии муғризона гирдиҳамойиҳои пайваставу хунрезиҳои шадиде тазоҳур дорад, ки фазои нисбатан ороми ҷомеаи башариятро халалдор ва руҳияи соири мардуми сайёраи заминро шикаставу осебпазир намудааст.

Ба ҷои он ки ташаббусҳои созанда аз ҷониби  он ҷавонмардоне, ки имрӯз миллат ба эшон ниёз дорад ба нафъи миллату давлат амалӣ гарданд, амалҳои ноҷавонмардона ва ношоистаи аъзоёну пайравони хоҷагони беруна дар дохили кишвар, даъвоҳои беасоси онҳо на танҳо дастгирӣ ва пайравӣ наёфтанд, балки боиси маҳкумӣ аз ҷониби ҷомеаи имрӯзи кишвар ва берун аз он гардиданд.

Аз дидани намод ва манзараи мудҳиши қатлу ғорати инқилобгароёнаи афроди ба ном мусалмоне, ки аз кишварҳои бонуфузи исломӣ бархоста, теша бар решаи ҷони бародарони исломии худ мезананд, кас сахт ба доми андешае фурӯ меравад ва посухе барои суоли «Чаро?» дарёфт карда наметавонад.

Мақсад  ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷои дар ниҳоди худ мепарваранд онҳоро бо мисолҳои возеҳ баён намуд, ки ягонагии онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии миллату халқиятҳо мебошанд. Аз ҷумла таъкид кардан бамаврид аст, ки   иштироки ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо ягон маънои ҷиҳодро надорад. Танҳо дар зеҳну мафкураи онҳо бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозанд.

 

ХОЛИҚОВ Мазбуд Маҳмудович

муовини декан оид ба таълими ФСН