Давлату Ҳукумати кишвар бо талоши зиёде барои интихоби равиши зиндагонии шоиста камари ҳиммат баста, барои мардум ва некӯаҳволии онон кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, то мардум аз чизе танқисӣ надошта бошанд.

Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабони ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Миллати тоҷик ҳамин қудрату тавоноиро дорост, ки мо бояд аз ифтихори баланду сарфарозии беш шукронаи онро кунем, зеро тавре, ки дар боло қайд кардам ин озодиву ободи моро дар зиндагӣ нусрат додааст.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳои бе маънист. Аз ин ҷост, ки ҳар кадоми моро зиракии сиёсӣ мебояд, то ба тӯҳмату дурӯғҳои тарафҳои мухолифони миллат гирифтор нагардем. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд. Дастовардҳои бузурги миллатро нодида мегиранд, қаҳрамониҳои Пешвои миллатро намехоҳанд, мардумони орому дар фазои истиқлол зиндагонӣ карда истодаро ба иғво меангезанд, билохира чи коре хоҳанд, карда истодаанд. Вале як чизро бояд доананд, ки «давидани гӯсоларо то пеши каҳдон» гуфтаанд. Ин фирориён, ин назҳатиёни беимон то кай ба арзишҳои миллии мо зарба мезананд, гарчанде, ки мо ба ин иҷозат надода истодаем. Вале ин хоҳиши нопоки онҳоро ба наздиктарин фурсат барҳам хоҳем дод. Бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ.

Ҳар яки пайравони наҳзатӣ, ки замоне аъзои азҳоби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ буд, то имрӯз аз ин кишвари олам ба дигараш бо фирор намуда аз гуноҳҳои хеш, ки ба ҳабс гирифта мешавад, дар ба дар гаштаанд. Айнан тавре худи намояндагони мухолиф қайд намудаанд, ҳеҷ кадом давлати дунё онҳоро ҳатто паноҳанда низ ба кишварашон роҳ надодааст.

 

Мавлонова М.

ДПДТТХ